Бегонапарастӣ хоси миллати мо нест

Фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик басо рангину пурарзиш аст. Зеро таърихи миллати тоҷик аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамон тарзе инъикосӣ фарҳангу тамаддуни мо дар адабиётҳои нависандагони бузурги тоҷик дарҷ гардидааст, гуфта метавонем, ки аз азал мо тоҷикон фарҳангдӯсту инсонпарвар ва хештаншиносем ва мекӯшем то ботину зоҳири ягранг дошта бошем.

Шароити кунунии замон моро водор месозад, ки такякунанда ва меъросбари аҷдодон ва эҳёгари фарҳанги худ бошем ва нагузорем, ки хурдтарин ҷузъи фарҳангамон аз дида дур шаваду заррае ба дигар фарҳанг такя намоем. Чун ки имрӯза шароити ҷаҳон ҳадафҳои гуногунҷабҳаи худро зери пардаи сиёсати худ нуҳуфтааст ва дарки он муяссар ба ҳар кас намегардад. Ин мақсад аз он сарчашма мегирад, ки имрӯз сиёсатмадорони ҷаҳон исбот кардаанд, ки барои аз байн бурдани як миллат, саравал фарҳанги онро бояд нест кард.

Пас тасаввур бояд кард, ки як муддат мо мардуми фарҳангсолор ва соҳибтамаддуни миллати тоҷик чаро аз ин бақои миллат беназарӣ кардему ба тақлиди фарҳангҳои тамоман бемантиқу ғаразноки дигар миллатҳо рӯй овардем. Ба либоси сиёҳу ҳиҷобҳои зоҳирпарастонаи мардуми авом тақлид намуда, вале бехабар аз мақсадҳои таҳмилкунадагони он гардидем.

Имрӯз агар ақалияти мардуми дунё дар бораи рӯйдоду хабарҳои ҷомеаи ҷаҳони надонанд, аксарият огаҳанду то як андоза дар бораи бадхоҳони ҷомеаи башарӣ медонанд.

Бадхоҳони миллати мо имрӯз мехоҳанд фарҳанги худро, махсусан фарҳанги либоспӯшӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ, мазҳабӣ ва амсоли инро бо мақсаду мароми нопоки худ миёни миллати тоҷик ҷой диҳанд. Вале мо соҳибони ин миллат бо роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз ба ин бадсириштон роҳ намедиҳем.

Мо сипоси самими мегӯем ба ин абармард-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки санаи 29-уми ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО –Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, чакани тоҷикро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил намуд.

Ин ифтихори мо меросбарони ин ҳунари аҷдодӣ буда, баҳри тарбияи насли наврас дар вобастагӣ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, моро водор месозад, ки фарҳагдӯсту хештаншинос буда, дар ин росто таркибҳои муҳими фарҳанги худро эҳтиром, ҳимоя ва ҳифз намоем.

                                                                    Мудири бахши бойгонӣ-матбуотии

МИҲД-и шаҳри Кӯлоб-Шокирҷони Карим

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code