Паёми Пешвои миллат-роҳ ба сӯйи дурахшонии мамлакат

Тибқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ироъа намуданд, гуруҳи кории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 12 то 14 соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб бо сокинон, бахусус намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, донишҷӯёну толибилмон ва ходимони дин вохӯриҳо доир намуданд. Гуруҳи корӣ дар ин самт вохӯриҳои худро миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, фаъолни ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ ва Зарбдор баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ гуруҳи корӣ бештар оид ба фаҳмонидани муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан доир ба муқовимат бо коррупсия, терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуби ба ҷомеа хавфнок суҳбату мулоқот баргузор намуданд. Зимни баргузории суҳбату вохӯриҳо, инчунин нуқтаҳои муҳими қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ баён гардида, барои фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрвандон вохӯриҳои мазкур нақши муҳим гузошт. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ чунин вохӯриҳо мунтазам миёни сокинонӣ, баҳри баланд бардоштани фаҳмиши шаҳрвандон, роҳ надодан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва амсоли ин доир гашта истодааст.

Шокир Каримзод

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code