Табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи прокуратура

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кулли кормандони мақомоти прокуратура, махсусан кормандони прокуратураи минтақа ва шаҳри Кӯлобро ба муносибати иди касбӣ-Рӯзи кормандони прокуратура сидқану самимона табрику таҳният гуфта, дар кору фаъолият ва рӯзгоратон барору комгорӣ таманно менамояд.

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Чӣ тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Мақомоти прокуратура дар низоми идоракунии давлатӣ яке аз ниҳодҳои муҳим буда, дар ҷомеа нақш ва мавқеи хоси худро дорад. Конститутсия ба зиммаи онҳо вазифаҳои таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вогузор намудааст».

Ба ин хотир, мо ба садоқату поктинатии Шумо кормандони мақомоти прокуратура эътимоди зиёд дошта, дар таъминии волоияти қонун ва тартибот дар ҷомеа ба шумо такя дорем.

Боиси қаноатмандист, ки кормандони ин ниҳоди боэътимоди давлатӣ вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташударо баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Боварӣ дорам, ки кормандони прокуратура минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан ба наслҳои ҷавон сабақи меҳанпарастию инсонпарварӣ медиҳанд ва дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Пӯшида нест, ки пойдории давлату давлатдории мо аз як ҷиҳат ба ақлу хирад ва дониши азалии мо сарчашма гирад, аз тарафи дигар вобаста ба кори ҳамарӯзаи Шумо вобастагӣ дорад, ки мероси муқаддаси ватандории миллату давлати моро то ин замон расонидаанд.

Аз ин рӯ, аз фурсати муносиб истифода намуда, ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ ва пирӯзиҳо орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code