Корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб

Ҷиҳати эълон гардиднаи «Солҳои 2019-2021 «солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамарӯза корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома ёфта истодааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҷалби соҳибкорон ва ҳашарҳои дастаҷамъона ба таври доимӣ кору фаъолият намуда истодааст.

Айни замон, роҳи деҳаҳои Даҳана-Гултеппа ба масофаи 3,5 км аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии деҳаҳо сангфарш карда шуда, барои мумфарш кардан омода шуда истодааст. Соҳибкорон дар ин бора тасмим доранд баъди омода шудани роҳ масофаи зикргардидаро ба пуррагӣ мумфарш намоянд.

Дар баробари ин роҳи деҳаҳои Чорбоғ-Шакархон аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб ба масофаи 3 км роҳ сангфарш карда шуда, ин ниҳод низ ният доранд дар рӯзҳои наздик масофаи мазкурро ба пуррагӣ мумфарш намояд.

Ин иқдом бо ҷалби соҳибкорону ҳашарҳои дастаҷамъонаи аҳолӣ дар ҳудуди деҳаҳо ва маҳаллаҳои шаҳр бо маром амалӣ гардида истодааст.

                                                                             Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code