Барои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад

 

 

 

 

 

 

Рӯзи 13 марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинар оид ба муаррифии лоиҳаи “Беҳтар намудани устувории иҷтимоию иқтисодӣ”, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ  амалӣ мегардад, баргузор гардид.

 Дар муаррифии лоиҳаи мазкур кормандони намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории  Тоҷикистон баромад намуда, ба иштирокчиён ҳадафҳои лоиҳаи зигргардида фаҳмонида шуд.

 Аз ҷумла, корманди намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Аъзамова Г.  қайд намуд, ки  барои амалишавии лоиҳа гуруҳҳои корӣ таъсис додашуда, дар шаҳру ҷамоатҳои деҳот таҳлилҳо мегузаронанд.

Натиҷаи таҳлилҳо бевосита бо сокинони шаҳру деҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар соҳаи инфрасохтор (таъмири роҳҳои автомобилгард, насби симчӯбҳо, трансформатор, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва ғайра) самти  афзалиятнок муайян гардида, барои амалишавии пешниҳоди аҳолӣ лоиҳаҳо таҳия ва амалӣ карда хоҳанд шуд. Ҳамзамон, марказҳои ҷавонону занон бунёд гардида, барои ҷавонон, аз ҷумла занон шароити хуби фароғатӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Дар амалишавии лоиҳаҳо дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот риояи талаботҳои экологӣ ҳатмӣ мебошад, қайд гардид дар семинар.

Ҳамзамон, семинарҳои омӯзишӣ барои ҷавонон, аз ҷумла занон оид ба соҳибкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ  гузаронида шуда, барои ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон (15-30 сола), аз ҷумла курсҳои занонаи касбомӯзӣ ташкил гардида, дар рафти амалишавии лоиҳа ба 5 ҳазор нафар маблағҳои хурди грантӣ низ пешбинӣ шудааст. Дар амалишавии лоиҳаи мазкур зиёда аз 12 ҳазор ҷавонон, аз ҷумла занон аз табақаҳои осебпазири аҳолӣ баҳраманд хоҳанд шуд.

Барои шаффоф ва ҳадафманд амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани устувории иҷтимоию иқтисодӣ” гуруҳҳои корӣ дар сатҳи маҳалла, деҳа ва комиссияи корӣ дар сатҳи шаҳр ва  ҷамоатҳои деҳот  таъсис дода хоҳанд шуд. Лоиҳа дар давоми 4 сол пурра амалӣ мегардад.

                                                                        Шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳр

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code