Озмуни «Расми беҳтарин»

Тибқи Низомномаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикстон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» Рӯзи 6- уми марти соли 2019 бо ташаббуси китобхонаи бачагонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мактаби бачагонаи расомӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб озмуни «Расми беҳтарин» дар мавзуи «Тоҷикистон кишвари зебои ман» багузор гардид.

Дар натиҷа расмҳои беҳтарини хонадагон аз ҷониби ҳайати комиссия баҳогузорӣ карда  дода шуда, ҷойи аввал насиби мактаби бачагонаи расомӣ, ҷойи дуюм насиби Мактаби Президенти шаҳри Кӯлоб, ҷойи сеюм насиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 гардида, ба туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо сарфаро гардонида шуданд.

 Инчунин барои иштироки фаъолона ба дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ифтихорнома тақдим карда шуд.

Дар озмун омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияи Кӯлоб ширкат варзида, аз расмҳои тасвирнамудаи шогирдони худ хеле рӯҳбаланд гардиданд.

Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code