Натиҷагирӣ аз рафти корҳои анҷомдодаи Гуруҳи кории шаҳрӣ оид ба таҳлили таъмини аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо оби нӯшокӣ

Санаи 12 марти соли 2019 дар назди раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ҷиҳати иҷрои амри раиси шаҳр аз 28 феврали соли 2019, №70 оид ба таҳлили таъмини аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо оби нӯшокӣ ҷаласа доир карда шуд.

Раиси шаҳр саравал, аз рафти таҳлили гуруҳи корӣ натиҷагирӣ намуда, масъулини шаҳр ва ҷамоатҳои деҳотро, ки бевосита ба масъалаи мазкур вобаста гардидаанд, маҳалла ба маҳалла пурсон гардида, қайд намуданд, ки деҳаҳо ва маҳаллаҳое, ки танқисӣ доранд дар ҳамкорӣ бо лоиҳаҳои асосии сармоягузории таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ давра ба давра, ҷиҳати таъмини онҳо бо оби нӯшокӣ корбарӣ намоянд.

Дар баробари ин қайд намуданд, ки шахсони масъул бо КВД обу канализатсияи шаҳр, асотсиасияҳои оби ҷамоатҳои деҳот ҳамкорӣ намуда, тавассути ҷалби соҳибкорон, ҳашарҳои дастаҷамъона марҳила ба марҳила камбудиҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бартараф созем.

Инчуни раиси шаҳр баҳри истифодаи самараноки об аз ҷониби аҳолӣ гуфта гузашта, иброз доштанд, ки ҷиҳати истифодаи дурусти об аз ҷониби сокинон, сарфи беҳуда накардани об ва дар ҷойҳои лозима ҷой додани нуқтаҳои обрез корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.

Баҳри таблиғу ташфиқи самаранокии истифодаи об имомхатибон дар мавъизаҳои худ ба мардум расонида,  инчунин тавассути телевизиони Кӯлоб низ корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code