Рафти ниҳолшинонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

Тибқи амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 27 ноябри соли 2018, №227 оиди шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо дар кучаву маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамарӯза корҳо амлӣ шуда истодаанд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи солона, оид ба ниҳолшинониву кабудизоркунии шаҳру деҳот 25000 бех ниҳол ба нақша гирифта шуда, аз ин ба ҳолати 12 марти соли 2019  25240 бех шинонида шудааст, ки 101%-и нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин тибқи нақша дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 535000 бех гулбуттаҳо, аз ҷумла 30000 бех гули лола, 25000 бех гули садбарг ва 480000 бех дигар навҳои гул ба нақша гирифта шуда, аз ин теъдод то ба имрӯз 163873 бех гулҳо шинонида шуда, баҳри иҷроиши нақша корҳо бо маром идома доранд.

Дар асоси амри мазкур тамоми ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҳудуди шаҳр, ҷамоатҳои деҳот муаззаф гардидаанд, ки атрофи биноҳои худ, гулгаштҳо ва дар маҷмуъ тамоми кучаву маҳаллаҳоро бо дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ гулу гулбуттаҳо оро дода сарсабзу хуррам гардонанд.

Гулшинонӣ дар шаҳру деҳот муташаккилона идома дорад.

                                                                                      Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code