Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр


Санаи 11 марти соли 2019 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардида, саравал масъалаи кадрӣ-шиносоии раиси Ҷамоати деҳоти Зарбдор ва сипас, ахбороти сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб Исохонов К. «Рафти соҳилмустаҳакамкунӣ дар минтақаҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб» шунида шуд.

Баъди шунидани ахбороти сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб оиди масъалаи мазкур, раиси шаҳр иброз дошт, ки масъалаи соҳилмустаҳкамкунӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад. Инчунин қайд кард, ки мақсади пешниҳоди масъалаи мазкур дар маҷлиси имрӯза саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ҷоннок намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои хавфнок бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои дахлдор, ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва аҳолӣ   мебошад.

Дар муҳокимаи масъалаи мазкур аз муовини якуми раиси шаҳр, сардори бахши ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи гражданӣ, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот пурсида шуда, барои омодагиҳои ҳамаҷониба оиди пешгирии ҳолатҳои фавқуллода дар давраи боронгариҳо, пурра ба анҷом расонидани корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ дар мавзеҳои хавфнок ва бартараф намудани камбудию норасогиҳо дар ин самт вазифадор гардиданд.

Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла:

-рафти омодагӣ ба маъракаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-рафти омодагиҳо ба гузаронидани озмуни «Сайри гули лола» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-ҳолати таъминоти барқ ба аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо дар давраи зимистонгузаронӣ, кам намудани талафоти нерӯи барқ ва рафти пардохти маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-оид ба рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 30 январи соли 2018, №30 «Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналии шаҳр;

-рафти сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №21;

         -вазъи соҳаи саноат, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла, маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-вазъи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-корҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои  кӯчаҳои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гарида, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code