БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ФАЪОЛИЯТРО БОЯД ҶОННОКТАР НАМОЕМ!


Терроризм ва экстремизм, ки бо зуҳуроти даҳшатангези худ ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст, яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва ҷиноӣ ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо дарки ин хатари ҷиддӣ мардуми сарбаланди ҷомеаи хешро водор сохта, дар ин бобат пайваста таъкид менамоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва мақсаду мароми ҳизбу ҳаркакатҳои тундагароро ба ҷомеа фаҳмонем. Пешвои миллат дар ироаи ҳар Паёми хеш мавриди ин ду зуҳурот андешаи возеҳу равшани худро баён месозанд ва сари вақти тадбирҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат оқилона бояд истифода бурд. Зеро миллати тоҷик дурандеш аст ва ҳаргиз нахоҳад гузошт, то бегонае ба хокаш бо мақсади ғаразнок  қадам гузорад.

Роҳбарони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои зарба задан ба зеҳни ҷавонон бо роликҳову навиштаҷотҳои худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, аксарияти ҷавонони камтаҷриба ва беилмро ба ин зуҳуротҳои номатлуби  хеш ҷалб мехоҳанд созанд.

Бояд ҳар як ҷавони имрӯза аз тарзи истифодабарии шабкаҳои иҷтимоӣ бохабар бошад ва оқилонаву дуруст истифода кардани онро донад.

Мутаасифона, аксарияти волидони имрӯза фарзандонашонро беназорат гузошта, ба омӯхтану аз худ кардани илмҳои муосир ба онҳо диққати ҳамаҷониба намедиҳанд, ки ин ба зарари худи онҳо ва ҷомеа мебошад. Ё ба дигар маъно, имрӯзҳо волидон ба таҳсили фарзандон монеа мешаванд, ки ин ба ояндаи онҳо зарари манфӣ мерасонад. Чунин амалҳо сабаби мегардад ба оқибати ногувор ва гумроҳии фарзанд.

Ман фикр мекунам ҷавоне, ки соҳиби илм ва дониши хуби инсонӣ аст ва аз ин зуҳуротҳои номатлуби замон бохабар аст ва дар бобати онҳо маълумоти кофӣ дорад, ҳаргиз ба ин гуна ҳизбу ҳаракат, ки пушти он хонахаробону беватанон пинҳонанд ҳамроҳ нахоҳад шуд. Ин гуна шахсони хунхор фикру андешаҳои инсонҳои бемайнаву бесаводро ба худ ҷалб намуда, гӯё ба хотири Худову расул ва ватан равонаад. Ин барои инсони соҳибилм маълум аст, ки ин равияҳои иртиҷоӣ ҳаргиз беҳбудии ватанро намехоҳад. Ватанро бо хунрези не балки бо якдилию якмаромӣ метавон обод сохт. Пушти ин ду калимоти нокасона ҳаргизу – ҳаргиз хубию накукорӣ ҷой надорад. Ин одамони бадсиришт номи дину мазҳабро ба ин калимаҳо якҷо сохта, бо ин роҳ мехоҳанд шуру хархашаро барпо созанд.     Ҷавонони мо бояд дар ин асре, ки ҳаёт ба сар мебаранд тафакури васеъи илмӣ дошта, ин ду маҳфум- терроризм ва экстремизмро донанду пай баранд, ки даруни ин ду калимот зиштию бадбинӣ пинҳон аст.

Ободӣ албатта, дар ҷангу хунрезиҳои шахсони бегуноҳ ба амал намеояд. Ободию шукуфоӣ дар ҳамбастагӣ ба вуқуъ мепайвандад. Волидони гиромиқадрии мо агар қарзи волидонии хешро адо созанд, ва ҳар шаҳрванд барои пешрафти ҷомеа худро масъул ҳисобад, ин гуна бадхоҳон ба мароми худ ҳаргиз  намерасанд.

Падару модар бояд дар баробари ба вуҷуд овардани насл, инчунин ба тарбия ва омӯзонидани илму дониши фарзанд диққати ҷиддӣ зоҳир намояд. Насл, ки ба вуҷуд омад, бояд аз рӯзҳои аввалини саршавии ҳаёт дар таҳти назорати доимии падару модар ва аҳли хонадон қарор гирад. Ба ин восита метавонем бисёре аз мушикилиҳои ҷойдоштаро аз ҳаёт дур сохт.

 Ба фарзанд набояд таъсири манфи расонид зеро ба ҳар кор машғул шуданро оғоз мекунад. Бояд бо муомилаи хуби инсонӣ бо сухани ширину гуворо роҳи ҳалли мушкилиҳоро ёфт. Вақте ки фарзанд ба синни мактаби мерасад, набояд тарбияи ӯро фақат бар души омӯзгор гузошт, зеро агар фарзанд 5-6 соат дар муассисаи таълими бошад, дигар вақтҳо дар пеши волидон қарор дорад.

Тарбия аз ду тараф бояд дар амал бошад. Дар ин ҳолат ҳеҷ гуна зуроварӣ ба амал нахоҳад омад. Фарзандро таҳти назорат бояд гузошт, ба ӯ хату саводро бояд омӯзонд. Соҳиби илм, ки шуд ватанро дӯст медорад дар рагу пайвандаш хуни ватан ҷӯш мезанад ва мефаҳмад, ки хубаш кию бадаш кӣ. Аниқтару возеҳтар карда гӯем дар рафти тарбияву босаводкунии фарзанд бетараф набояд буд. Вақто, ки ҳар як амалро таҳти назорат қарор диҳем давлату миллат шукуфон мешавад.

Мароми мо ин пешрафту шукуфоии давлату миллати азизамон аст.

Манучеҳр Латифов – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code