Ба муносибати «Рўзи матбуот» рўзноманигорон қадршиносӣ гардиданд

Санаи 11-уми марти соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб 107-умин солгарди Рӯзи матбуот таҷлил карда шуд.

 Саравал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова К. рӯзноманигоронро ба муносибати Рӯзи матбуот табрик намуда, қайд намуданд, ки  “Матуботи мо аз нахустин рӯзҳои пайдоиш ба муқовимат ва тундравиҳои бадхоҳон рӯ ба рӯ шуд, вале ба ҳама монеъаҳо нигоҳ накарда то имрӯз рисолати аслии худро иҷро карда истодааст. Дар саргаҳи бунёди матбуоти миллӣ афроди саршинос ва шинохтаи миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ барин чеҳраҳо  дар марҳилаҳои гуногун барои халқу Ватан хизматҳои шоён карданд. Имрӯз ворисони ин шахсиятҳои таърихӣ парчами матбуотро баланд бардошта, барои пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон меҳнат карда истодаанд”.

  Дар ин росто, инчунин  ба рӯзноманигорон иброз намуд, ки “Ба Ватану миллат ва сарзамини худ содиқона хизмат кардан, боиси монанди шахсиятҳои болозикр зиндаёду некномии ҳар яки мову шумо мегардад”.

 Дар ин раванд, як қатор рӯзноманигорон барои саҳми арзанда ва хизматҳои шоиста дар матбуоти имрӯза, бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Дилшод Назирмадов-мухбири ТВ “Вазиш” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори миннатдорӣ намуда, баён дошт, ки ҳамкориҳои ҳамарӯзаи якҷояи мову шумо боиси пешрафту тарақиёти босуръати шаҳри азизамон-шаҳри Кӯлоб мегардад.

  Дигар рӯзноманигорон низ аз ин қадрдонӣ изҳори миннатдорӣ намуда, баён доштанд, ки мо сидақану содиқона баҳри як ҳадаф-пойдории Истиқлолияту ваҳдати миллиамон талош меварзем.

                                                                                                                                                                  Мудири бахши матбуот-Шокир Каримзод

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code