Вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб бо намояндагони ширкати хитоии Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп Инк

 

 

 

 

 

 

Санаи 5-уми марти соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳр бо намояндагони ширкати хитоии Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп Инк баргузор гардид.

Намояндагони ширкати хитоӣ 6 нафар бо роҳбарии  Менеҷери генералии Департаменти Рушд ва Хадамоти савдо ҷаноби Жу Тао ташриф оварда, мақсад доранд дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб силсила корхонаҳои хурди саноатӣ баҳри коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ таъсис диҳанд.

Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки маҳсулоти хоми пахта дар дохили мамлакат коркард карда шавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб муҳатарам Хайрулло Амонулло дар суҳбат бо меҳмонон иброз намуд, ки айни замон лоҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таҳия гардида, дар масоҳати 309 га замин пешбинӣ шудааст. Ин имконият фароҳам меорад, барои таъсиси корхонаҳо саноатӣ.

Ҳамзамон, раиси шаҳр иброз намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҳамкориҳои судманд ҳамеша бо Шумо омода буда, метавонем барои таъсиси чунин силсилакорхонаҳо шароит фароҳам оварем.

Тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи ҷониби меҳмонон, дар ҳолати таъсиси чунин силсилакорхонаҳо то 5500 ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

                                                                                    Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code