«Ҳафтаи гулшинонӣ» дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи омодагиҳо ба  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кулоб корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта истодаанд.

Дар баробари  сохтмону бунёди иншоотҳо, аз ҷумла сохтмони  муассисаҳои томактабию таълимӣ, тандурустӣ, бунгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ, китобхона, ҳаммом, сартарошхона, кошонаҳои ҳусн, корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, ҳамзамон корҳои ободонию кабудизоркунӣ, тоза кардани ҷуйборҳо шинонидани ниҳолу гулҳо  дар тамоми кӯча, маҳалла ва деҳаҳо барои зебо гардидани  ҳусни шаҳру деҳот амалӣ шуда истодааст.

Вобаста ба мавсим дар шаҳру деҳоти Кӯлоб «Ҳафтаи гулшинонӣ» эълон гардида, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ дар кӯчаю маҳалла, деҳаҳо ва назди идораҳо гулҳои гуногун, аз ҷумла буттагулҳои садбарг шинонида истодаанд.

Чунончи  рӯзи 06 марти соли равон дар даромадгоҳи шаҳр  800 буттагулҳои садбарг, 25 бех ниҳоли ҳамешасабз, аз ҷумла арча, дар назди муассисаю ташкилотҳо 1200 бех буттагулҳои садбарг, аз ҷумла дар даромадгоҳи бозори «Саховат» 168 буттагули садбарг шинонида шуд.

Ҳамчунин дар назди муассисаҳои таълимии №№6 ва 53   беш аз 250 буттагулҳои садбарг шинонида шуд.

Атрофи заминҳои назди оромгоҳи Мир Сайид Алии Хамадонӣ  нарм карда шуда, барои шинонидани гулҳои мавсимӣ омода гардид.

Чунин корҳои ободонӣ дар  хиёбони И. Сомонӣ ва дигар кӯчаю маҳаллаҳо  анҷом дода шуданд.

Дар  КДФ «Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳр айни замон 70 ҳазор қаламчаи гули садбарг  ва 30 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ барои шинонидан омода гардида, хоҳишмандонро бо гулҳои гуногун таъмин намуда истодааст.

Гулшинонӣ дар шаҳру деҳот муташаккилона идома дорад.

                                                                                                                                                         Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code