Сарчашмаи ҳангомаҳои беасос, ё худ Гадоев ба кӣ даркор аст?!

Пас аз ба Тоҷикистон омадану боз дубора ба Аврупо баргаштани Шарофиддин Гадоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомнаҳои интернетӣ ҳар гуна ҳангомасозиҳо ба назар расид. Аммо чизи дигаре ҳам ба назар расид, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дигар таваҷҷуҳи хосе ба ин масъала зоҳир накарданд ва танҳо ҳамон чанд наҳзатии лаънативу чанд калавандаи дигар хостанд “қазия”-ро бузург нишон диҳанд. Фикр мекунам, ин муносибати сарди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳангомаҳои навбатӣ сабабҳои худро дорад. Аз ҷумла:

  1. Мардум дигар ба фитнапарокании як гурӯҳ хиёнатпешаҳову ватанфурӯшон одат кардааст ва чунин мешуморанд, ки чун вазифаи саг ҷакидан аст, бигзор ҷакидан гирад;
  2. Шарофиддин Гадоев ба ҳайси як шахсияти таъсиррасон ташаккул наёфтааст, ки дар куҷо буданаш аҳамияти хосе дошта бошад;
  3. Дар Тоҷикистон ӯро ҳамчун як шаҳрванд хуб қабул намуданд ва ӯ ҳам барои гуноҳҳои кардааш узр пурсиду рафт. Агар ба қавлаш амал кард, барои худаш хуб, агар накард, пас худаш шармсору сарафканда мешавад;
  4. Билохира, будану набуданаш барои Тоҷикистон ба андозаи як арматури НБО “Роғун” ҳам тақдирсоз нест, ки касе ғами онро хӯрад. Агар ба хоҷагонаш ин қадар даркор бошад, пас бигирандаш, хас каму ҷаҳон пок!

Албатта, амалҳои муғризона ва иғвоангезонаи ин хоинони ватанфурӯш ва сагони сафроии шикамқарор ва равона аз дунболи хоҷагони иҷбориашонро кӣ намедонанд, ки боз ҷилу ҷулашонро дигар намуда, ба роҳи дигар мардумро ноосуда сохтанианд.

Яқин аст, ки ин шармандаҳои гумному гумнасаб ва бе аслу нажод, ки ҳар лаҳза худро бо ҳар навъ ғамхору наҷотбахши касеву чизе муаррифӣ кардан мехоҳанд, аз қазияи Шарофиддин Гадоев ба таври максималӣ истифода бурдан мехоҳанд. Аммо ин наҳзатиҳои лаънатӣ боре фикр карда бошанд, ки аз рӯзи фаъолияташон то имрӯз барои халқ ва миллати тоҷик кадом кори хайрро анҷом додаанд ва дасти кадом тоҷикистонии муқимии Аврупоро аз рӯйи шафқу раҳмат гирифтаанд, ба ҷуз дасисаандозӣ, ки имрӯз аз онҳо хоҳиши дастгирӣ менамоянд. Ин нотавонбинони бадкин ободию пешравии Тоҷикистонро дида, худ ба худ мурда истодаанд ва бо ин иғвоҳои беасосу бесаводонаашон бори дигар кӣ будани худро исбот намуда истодаанд.

 Шумо эй, бадхоҳону бадкашони миллат, хуб донед, ки!:

        Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст, чу бањр,

        Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

         Итминони комил дорам, ки ин хоинони ба лаънати халк ва Худо гирифторшуда дар ягон вақт наметавонанд ба мақсадҳои нопокашон расанд. Мардум аз хурд то бузург кайҳо боз ниқобивазкунӣ ва мардумфиребии онҳоро натанҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ ҳам омӯхтааст ва пушти кадом ниқобе, ки паноҳ мебаранд алакай кӣ буданашон айён аст. Аз ин рӯ, имрӯз халқи тоҷик бо ҳамовозӣ мегӯянд, ки “Марг бар наҳзатиҳо ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик!”

 

Шаҳроми Ҷумъа – узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code