Қабули раиси шаҳри Кӯлоб доир гардид

Тибқи нақшаи тасдиқгаридаии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб давоми ҳар ҳафта қабули раиси шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр гузаронида мешавад.

Снаи 2-юми марти соли 2019 қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло гузаонида шуд.

Аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб 20 нафар муроҷиаткунадагон  қабул карда шуда, арзу дархости онҳо шунида шуд.

Муроҷиаткунандон, бештар оид ба масъалаҳои барасмиятдарории хонаҳои истиқоматӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, бунёди боғ, фермаҳои паррандапарварииву чорводорӣ ва ҳамчунин сохтмони иншоотҳо барои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ворид гардида, аз ҷониби раиси шаҳр ба онҳо ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гардонида шуд.

Ҳамзамон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳалталаб масъулини дахлдор вазифадор гардиданд.

                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code