Таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ

Ҷиҳати эълон гардани солҳои 2019-2021 солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри ободу зебо гардонидани тамоми гӯшаи шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳо ҳамарӯза амалӣ гардида истодаанд.

Санаи 01 марти соли 2019 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси корӣ ҷиҳати иҷрои амри раиси шаҳр аз 28 марти соли 2019, №70  «Дар бораи таъсис додани гуруҳи кории шаҳрӣ оид ба таъмин намудани аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба оби нӯшокӣ» бо иштироки раиси шаҳр ва дигар шахсони масъул баргузор карда шуд.

Сараввал, раиси шаҳр барои таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудани КФД обу ташноби шаҳри Кӯлоб ба таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дастур дода, ба гуруҳи кории таъсис додашуда, супориш  дода шуд, ки то санаи 07 марти соли 2019 оид ба маҳаллаҳои аҳолинишине, ки ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷ доранд таҳлил гузаронида, аз натиҷааш ба раиси шаҳри Кӯлоб маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намоянд.

Раисони ҷамоатҳои деҳот, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ ва раисони кумитаҳои маҳаллии деҳаву маҳаллаҳо  барои бо  оби нӯшокӣ  таъмин намудани аҳолӣ таклифҳои асоснок пешниҳод намоянд.

Ҳамамон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ  чораҷӯи кара шавад.

 Ҳамчунин  барои бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ  ба тариқи  ҳашарҳо анҷом додани корҳо чораҳои ахлдор амалӣ карда шаванд.

Дар  ҷамоатҳои деҳот бояд  сохторҳои дахлдори обтаъминкунӣ тибқи муқаррарот сохтори дахлдори  назорати обтаъминкунӣ таъсис дода шавад.

Ҷиҳати дуруст истифода бурдани обҳои дохили шаҳру деҳот ва таҳти таҳлилу назорат қарор додани он чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад.

Котиби гуруҳи корӣ супоришхои додашударо зери назорат қарор дода  барои иҷрои онҳочолраҳои зарури амалӣ намоянд.

Корҳо дар ин самт идома дода мешаванд .

                                                                            Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code