Супоришҳои Сарвазири мамлакат ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳри Кӯлоб амалӣ шуда истодаанд

 

 

 

 

 

 

Рӯзи 01 марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шҳр таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Х. Амонулло ҷаласаи корӣ оид ба рафти супоришҳои Сарвазири мамлакат ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳр ҷаласаро оғоз намуда ба  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» миннатдорӣ баён намуда, қайд намуд, ки Минтақаи озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуда, дар ин замин  ҷойҳои нави  корӣ таъсис гардида, аҳолӣ бештар бо ҷойҳои корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки иҷрои нақшаҳои чорабиниҳо оид ба иҷрои  дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  зери назорат қарор дода шуда, аз рӯи маълумотҳо рафти иҷрои онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Сипас сухан ба мудири шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳр      Хӯҷамқулов А. дода шуд. Номбурда қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб диққати ҳамешагӣ  зоҳир менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши бевоситаи Пешвои миллат рӯзхои 7-8 август ва 7-8 ноябри  соли равон Сарвазири мамлакат  ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳот ва рафти корҳои сохтмонии як қатор иншоотҳо шинос шуда, аз корхонаҳои саноатии хусусигардонидашуда дидан намуданд.

Баъди боздид бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои сайёр доир карда шуда, масъалаҳои ҳалталаби шаҳр, аз ҷумла ба фаъолият даровардани кохонаҳои саноатӣ, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, таъмири роҳҳо, беҳтар намудани таъмини кишоварзон бо оби полезӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангии шаҳр ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз рӯи таҳлилҳо нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои  дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб  иборат аз 58 банд (аз 22.08.2018, №2к/64-24)  ва 68 банд (аз 19.11.2018, №2к/84-24) тасдиқ карда шуданд.

Вобаста ба амалишавии нақшаи чорабиниҳо қарорҳои дахлдори раиси шаҳр (аз 14 сентябри соли 2018, №632 ва аз 27  ноябри  соли  2018,   №819) ба тасвиб расиданд, ки қарорҳоро Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  тасдиқ намуда, ба масъулин барои иҷро ирсол гардида, рафти иҷрои қарорҳоро муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис ва дигар масъулин зери назорати доимӣ гирифтаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба Гуруҳи кории доимамалкунандаи байниидоравӣ, ки онро муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ роҳбарӣ менамояд,  номзадии муовини соҳавии раиси шаҳрро пешниҳод намуд, ки дар ҷаласаҳои гуруҳи кории мазкур иштирок намуда истодааст.

Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ беҳтар гардида истодаанд.

Рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 зери назорат қарор дошта, дар солҳои 2015-2018-ум 123 лоиҳа ба маблағи 501,1 млн. сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин 57 фоизи нишондиҳандаи солҳои 2015-2018 Барномаро ташкил дод.

Мавриди зикр аст, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Гуруҳи байниидоравии доимамалкунанда таъсис дода шуда, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 то нимсолаи аввали соли 2019 бояд таҳия карда шавад.  Гуруҳи кории шаҳрӣ низ таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо Гуруҳи кории зикргардида, пешниҳодҳои мушаххасро омода карда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида, дар моҳи январи соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 19,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 6,4 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат  148,2 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра  23 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуданд.  Ҳаҷми истеҳсоли орд-4,4 маротиба, нон ва маҳсулоти нонӣ-15 маротиба   зиёд гардид.

Ҳамзамон  КМ “Ресандаи Кӯлоб” баъди бекории дуру дароз бо  ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даромад ва 76 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда,  дар моҳи январ ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Дар моҳи март хати технологии нав ворид карда шуда, баъди насби он ҳаҷми истеҳсолот 30 фоиз зиёд  мегардад.

Дар соли 2019 ҶСК “Сомон -Кӯлобтоҷҳизот” бо  ШСХК «Барқи Тоҷик»  ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ, КВД “Тоҷикагролизинг” ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ  шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, 48 нафарро ба кор ҷалб карда, ҳаҷми истеҳсолотро дар моҳи январ ба маблағи 268 ҳазор сомонӣ  расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 маротиба зиёд мебошад. Корхонаи мазкур ҳамчунин бо НБО “Роғун” ва КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” низ шартномаҳоро барои имзо омода кардааст.

Ба  ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” дар соли равон 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик»   пешпардохт гардида, корхонаи мазкур пояҳои оҳану бетонӣ истеҳсол карда ба ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» дастрас намуд.  Дар моҳи январ корхона ба маблағи 116 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 маротиба зиёд буда, 27 нафар ба кор ҷалб гардидааст. Соҳибмулк 2 қолаби нав барои истеҳсоли пояҳои оҳану бетонӣ харидорӣ карда, дар ин замина  15 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

ҶДММ «Даврон_К» собиқ  (Заводи нони  Кӯлоб) дар моҳи январи соли 2019 истеҳсоли  маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 100,7 фоиз расонида, дар корхона 21 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Роҳбарияти корхона коргоҳи макаронбарориро насб намуда истодааст, ки дар моҳҳои наздик фаъолият оғоз карда 10 нафарро ба кор ҷалб  таъмин хоҳад намуд.

ҶДММ «Пойафзоли Кӯлоб»  номашро ба ҶДММ “Нидои Кӯлоб” иваз карда, 35 нафарро ба тариқи шартномавӣ барои духти болишту курпа ва ғайра ба кор таъмин намуда, коргоҳи  истеҳсоли макарон дар моҳи январ  4 тонна макарон истеҳсол намуда, 8 нафарро ба кор ҷалб кардааст.

Дар ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» аз тарафи соҳибмулк коргоҳҳо барои истеҳсоли мехча ва  мебел  шурӯъ гардида, таҷҳизотҳои зарурӣ ворид гардида, дар майдони заминҳои  ҶДММ «Мармариён» (корхонаи равған) ва ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» шаҳрчаи саноатӣ бунёд карда мешавад. Айни замон 250 нафар ба кор ҷалб гардида, барои сохтмону барқарорсозии коргоҳҳо фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соҳибмулки корхона дар соли 2019-ум 5 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода супорида мешаванд.

ҶСШК “Заводи хишти Кӯлоб” як хумдони нав барои истеҳсоли хишти пухта бо ангиштро  сохта дар моҳҳои наздик ба истифода медиҳад.   Иқтидори корхона дар як моҳ ду маротиба афзоиш меёбад.

 Ҷиҳати аз иншооти ғайриқонунӣ сохташуда озод кардани ҳудуди гулгашт ва боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳр чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳр 23 иншоотҳои гуногун, дар боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ пурра бартараф карда шуданд.

Дар гулгаштҳои С. Назаров ва С. Амиршоев иншоотҳои хусусӣ бартараф гардида, нимпайкараҳо ба Боғи Ғалаба кӯчонида шуданд. Тибқи қарори дахлдор раиси шаҳр  дар  Боғи Ғалаба  гулгашти “Хотираи абадӣ ” таъсис дода шуда, муҷасамаҳо дар он  гузошта мешаванд. Корҳои сохтмонӣ дар боғу гулгаштҳо тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда, оғоз гардиданд.

Лоиҳа сохтмони боғи “Роҳиоҳанчиён” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ шуруъшуданд.

Мавриди зикр аст, ки инфорасохтори обрасонии маркази шаҳр соли 1937 барои 48 ҳазор нафар аҳолии шаҳр сохта шуда, айни замон таъминоти об мушкил гардидааст.

Барои беҳтар намудани таъмини аҳолии маркази шаҳр бо оби нӯшокӣ лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия»-и шаҳри Кӯлоб ба маблағи 17,5 млн. доллари ИМА ба  Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷайка лоиҳа пешниҳод шуда, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ҳамзамон ҳангоми сафари кории Сафири Фавқулдда ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб лоиҳаи бо об таъминкунии маркази шаҳр пешниҳод карда шуд.

Ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 – 9 лоиҳа бо арзиши умумии 19,8 млн доллари америкоӣ  аз шаҳри Кӯлоб ворид карда шуд.

Барои таъмири роҳҳои автомобилгард омодагӣ гирифта шуда, аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ ба тариқи ҳашар 12 км сангфарш карда шудааст. Камбудӣ дар ин самт нарасидани мум буда, барои дастрасии мум ба Вазорати нақлиёти ҶТ пешниҳод ирсол карда шуд.

Масъалаи ҳалталаб ва ташвишовар ин айни ҳол  соҳили дарёи Ёхсу дар масофаи 1800 метри тулонӣ дар  мавзеъҳои назди комбинати хонасозӣ ва Минтут   дар ҳолати хело ҳам хатарнок қарор доштан буда, барои анҷоми корҳои соҳилмустаҳкамкунии мавзеъҳои зикргардида 50 тонна сӯзишвории дизелӣ, 160 тонна семент, 26 ҳазор метри мураббаъ симтур зарур мебошад. Бинобар ин ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ЧТ дархост ирсол карда шуда, ба мақсад мувофиқ мешуморем, ки ҷиҳати ҳалли масъала мусоидат карда шавад. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба тариқи ҳашар оғоз гардиданд.

Оид ба рафти иҷрои корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти корхона ва коргоҳҳои истеҳсолии саноатӣ, таъмири роҳу роҳравҳо ва бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ мунтазам барномаҳо дар телевизионҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар телевизионҳои”Ҷаҳоннамо”-54 гузориш, “Сафина”-39 гузориш, “Шабакаи аввал”-30 гузориш ва Телевизиони Кӯлоб-60 гузоришу 200 хабарҳо пахш карда шуданд. Корҳо дар ин самт идома доранд.

Раиси шаҳр муҳтарам Х. Амонулло  аз масъулин оид ба иҷрои бандҳои дахлдор пурсиш намуда, онҳоро вазифадор намуд, ки барои иҷрои супоришҳо дар доираи ваколатҳои хизматӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда то 25 марти соли равон маълумот пешниҳод намоянд.

                                                                 Шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳр

        

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code