Озмуни шаҳрии «Канӣ духтарон?»

 

 

 

 

 

 

Санаи 28-уми феврали соли равон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба фарорасии ҷашни Рӯзи модарон озмуни шаҳрии «Кани духтарон» байни ҷавондухтарони муассисаҳои оливу касбии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар озмун 7 даста аз ҳисоби ҷавондухтарон ширкат намуда, аз рӯйи шартҳои муҳими озмуни шаҳрӣ аз қабилӣ: қироати порчаҳои шеърӣ, ҳусну маломат, намоиши либосҳои миллӣ, ороиш ва парвариши мӯй, ҳусни табиӣ, пардози чеҳра, мавзунии қомат ва хондани суруди алла ҳунарнамоӣ намуданд.

Аъзои тадорукотӣ ба иштирокчиёни фаъоли озмун барои ширкат варзидан дар даври вилоятии озмун роҳхат дода, инчунин бо ифтихорнома ва туҳфакҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад аз баргузории чунин озмун ин муайян намудани чеҳраҳои ҳунарманду чирадаст ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code