Фестивал- озмуни шаҳрии кулолгарӣ, чубтарошӣ ва сабатбофӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад

Дар театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб фестивал-озмуни шаҳрии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабатбофӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар  аз зар  бувад» бо иштироки сардори Агенти  меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Наврӯззода Аслбӣ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова баргузор гардид.

Сипас, дар рафти чорабинӣ меҳмонон аз ҳунари волои ҳунармандони шаҳри Кӯлоб, аз қабили чакандузӣ,  тоқидӯзи, кулолгарӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, таъомҳои миллӣ ва расмҳои беҳтарин дидан карда, ба ҳунари волояшон баҳои арзанда гузоштанд.

Баъан, муовини раиси шаҳр баромад намуда, қайд намуд, ки эҳё ва пойдор сохтани фарҳангу маданияти миллву рушди сайёҳӣ дар кишвар меҳвари асосии Паёми имсолаи    Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, маҳсуб меёбад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот бо пешниҳод Пешвои миллат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод, амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13 декабри соли 2018, № АП-1140  тасдиқ шудааст, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб   фестивал-озмуни шаҳрии «Кӯлолгарӣ, чубтарошӣ ва сабадбофӣ» таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» бо иштироки ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор гашта истодааст, ки мақсади асосии ин фестивал-озмун дарёфти истеъдодҳои нотаркор ва рушди ҳунарҳои мардуми мебошад.

Тайи солҳои охир раванди омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо маром рушд ёфта, ҷиҳати таҳкими фаъолият дар ин самт чораҳо андешида шуда истодаанд.

Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар 123 кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр ва ҷамоатҳо чорабинии фарҳангию маърифати таҳти унвони “Робита бо рушди маҳал” гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Кӯлоб 2 бино аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба  соҳибкорон ҷудо гардида, 45 нафар занон ва духтарони хонашин ба ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ мебахшанд.

Дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳру деҳоти Кӯлоб бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳфилҳои наттоқӣ, сарояндагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, шерозбофӣ, атласбофӣ, кандакорӣ, рассомӣ, пазандагӣ ва  навозандагӣ ташкил карда шуданд.

Дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардуми аз 1-уми январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.

Бахшида ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид карда шудани чакан аз ҷониби ЮНЕСКО дар толори қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонӣ “Чакан ҷаҳонӣ шуд” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намоиши ҳунарҳои чакандӯзони чирадаст аз қабили куртаву чодарҳо, тоқӣ, рӯймоли миён, унсурҳои гаҳвора, гулдӯзиҳо ва анвоъи хурокҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2018 тибқи натиҷагирии комиссияи озмуни грантҳои Президентии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 нафар зан барои рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ бо грантҳои Президентӣ дар ҳаҷми 90 ҳазор сомонӣ ва 3 нафар  соҳиби гранти раиси вилоят дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми суханронӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳр як қатор ҳунармандони фъоли шаҳри Кӯлоб бо дипломҳо, ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

Сипас, чорабиниро ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо рақсу суруд шуҳу шаҳомати тоза бахшиданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code