Боздиди раиси шаҳр аз рафти корҳо оид ба рушди деҳот дар ҷамоати деҳоти Даҳана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018)  бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Вобаста ба ин барои амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия намуда, чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Тибқи  нақшаи мазкур бояд дар ҳар як деҳа корҳои сохтмону таъмири иншоотҳои таъиноти гуногун, рушди инфрасохтор, ободонӣ, ниҳолу гулшинонӣ ба сомон расонида  шаванд.

Санаи 26 феврали соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло бо  гуруҳи корӣ ҷиҳати назорати рафти иҷроиши корҳо дар Ҷамоати деҳоти Даҳана,  аз рафти  корҳои амалишуда, махсусан сохтмони иншоотҳои гуногун ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷамоати деҳоти Даҳана калонтарин ҷамоати деҳоти шаҳр буда, дар  он 23 деҳа, 3412 хоҷагиҳои хонаводагӣ бо теъдоди 31 ҳазору 072 нафар аҳолӣ зиндагонӣ доранд.

Раиси шаҳр дар ибтидо аз рафти корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳаи Олтоули Ҷамоати деҳоти Даҳана дидан намуд. Хоҷагии деҳқонии С.Амиршоев ба картошкапарварӣ бештар шуғл дошта, дар як сол аз як гектар замин то 400 сентнер ҳосил ба даст меорад. Дар баробари ин кишти такрорӣ низ анҷом медиҳад. Раиси шаҳр баҳри кишти такрорӣ ва ба бозор баровардани маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас ба онҳо таъкид намуда, қайд намуданд, ки фаъолияти худро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монанд.

Баъдан раиси шаҳр ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Олим Ҳаё»-и деҳаи Олтоул шинос шуданд. Хоҷагии деҳқонии «Олим Ҳаё» дар ихтиёри худ 41 га заминҳои обиву лалмӣ дошта,  ба истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни кишоварзӣ машғул мебошад.

Роҳбари хоҷагӣ, ҷувозҳо барои истеҳсоли равғани зағир, як адад дастгоҳи пахтатозакунӣ ва як адад дастгоҳи чӯбтарошӣ барои ниёзи мардум ворид намуда, дар ин замина 15 ҷойҳои корӣ таъсис дода, дар ҳамкорӣ бо дигар хоҷагидорон кору фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Раиси шаҳр дар рафти боздид, қайд намуд, ки аз захираҳои имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ба моҳипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ   ва замбӯри асалпарварӣ низ машғул шавед.

 

 

 

 

 

 

Дар ин росто, хоҷагидор иброз намуданд, ки айни замон барои нигоҳдошт ва парвариши чорвои калон як фермаи хурди чорводорӣ таъсис дода истодааст ва ба нақша дорад, ки то охири соли равон онро ба истифода диҳад.

Гуруҳи корӣ бо роҳбарии раиси шаҳр аз фермаи чорводории кооперативи тиҷоратии «Мирипок», ки дар он зиёда аз 50 сар чорвои калони зоти сиёҳало парвариш меёбанд, боздид намуд.  Чорводор қайд намуд, ки аз ҳар як  сар чорво дар як рӯз аз 14 то 16 литр шир  ҷӯшида,  аҳолии деҳаҳои атроф  ва шаҳри Кӯлобро бо нархи дастрас  бо шир таъмин менамояд.

 

 

 

 

 

 

Раиси шаҳр бо гуруҳи корӣ аз рафти сохтмон ва сатҳу сифати омӯзиши хонандагони Литсейи касбии техникии саноатӣ ва кишоварзии шаҳри Кӯлоб дидан кард. Дар дохили литсей бинои нави замонавӣ барои омӯзиши касбу кори гуногун ба тарҳи замонавӣ сохат шуда, тасмим доранд, то ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ онро ба истифода диҳанд. Дар литсеи мазкур аз рӯйи ҳафт ихтисос хонандагон касб омӯхта, ба хобгоҳ ва се вақт хӯрок таъмин карда мешавад. Инчунин омӯзишгоҳ дар дохили худ дар чуқурии 115 м чоҳи амуди канда, ҳайати шахсии худро бо оби нушокӣ ба пуррагӣ таъмин менамояд.

Раиси шаҳр ҳангоми шиносӣ аз маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи хонандагон ба онҳо таҳсину офарин гуфта, таъкид доштанд, ки баҳри омӯхтани технологияи замонавӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тамоми маҳорататонро сафарбар намоед, то дар пешбурди ҷомеа саҳм гузоред.

 

 

 

 

 

Сипас, аз рафти корҳои сохтмони бинои дуошёнаи маркази Ҷамоат дидан карданд. Бинои мазкур ба пуррагӣ омода шуда, як қисми ошиёнаи якум ба кироя дода шуда, дар таҳхонаи бино дукони фурӯши орд низ таъсис дода шудааст. Соҳибкор ният дорад қисми дигари ошиёнаи якумро мағозаи хурокворӣ намояд.

Раиси шаҳр зимни боздид аз бинои мазкур ба соҳбикор барои сохтмони чунин як бинои замонавӣ баҳои баланд дода,  тавсия дода шуд, ки дар ошёнаи дуюми бино бо ҷалби устодони варзидаву пуртаҷриба маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, руссӣ ва англисиро таъсис диҳад.

Ба ин монанд, раиси шаҳр аз рафти сохтмони маркази савдо дар назди бозори марказии Ҷамоат дидан намуданд. Соҳибкор Саидов Ҷ. дар масоҳати 2,5 сотих нияти сохтани мағозаи замонавиро дошта, айни замон таҳкурсии бино омода гашта, корҳо идома дорад.

Раиси шаҳр ба онҳо ҷиҳати бо сифат супоридани бинои мазкур то охири соли 2019 тавсия дода, ҳамзамон ҷиҳати ободонии гирду атрофии бино ниҳолу гулшинонӣ соҳибкорро вазифадор намуд.

  Сипас, раиси шаҳр бо гуруҳи корӣ ба деҳаи Тоқакаппа ташриф оварданд. Дар назди даромадгоҳи деҳа соҳибкор Сафаров Б. бозори замонавӣ сохта истода, ният дорад то моҳи апрел қисми асоси бозорро ба истифода диҳад. Дар назди бозор ҳамчунин соҳибкор нақша дорад, ки ошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона низ сохта, ба истифода диҳад.

Раиси шаҳр, ҳамзамон, ҷиҳати хурраму зебо гардонидани атрофи бозори навтаъсис ба соҳибкор тавсия доданд.

Дар байни деҳаи мазкур низ соҳибкор Раҳимов Ш. бинои дуошиёна сохта, дар ҳолати омодабош қарор дорад. Ӯ ният дорад дар ошиёнаи якуми бино мағозаи хурокворӣ ва дар ошиёнаи дуюм бошад толори варзишӣ таъсис диҳад.

Раиси шаҳр дар рафти азназаргузаронӣ ба соҳибкор таъкид намуд, ки то ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти худро бо тарҳи замонавӣ, ба пуррагӣ ба истифода диҳад.

Ҳамзамон, раиси шаҳр аз сохтмони бинои хурди дуошиёна дар деҳаи Файзобод дидан намуд. Соҳибкор сохтмонро ба итмом расонида, ният дорад дар ошиёнаи якум сартарошхона ва дар ошиёнаи дуюм нуқтаи дузандагӣ таъсис диҳад.

Баъдан гуруҳи корӣ ба сохтмони иншоотҳои нотамоми деҳаи Гулобод шинос шуданд. Дар деҳаи мазкур 3 адад иншоотҳои нотамом ҷой дошта, раиси шаҳр ба соҳибмулкон ҷиҳати дар фурсатҳои наздиктарин ба истифода додани иншоотҳояшон дастур дода, таъкид намуд, ки вобаста ба ниёзи аҳоли нуқтаҳои гуногуни тиҷоратӣ таъсис дода шаванд.

Баъд аз шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонию ободонӣ, ҷаласаи кории раиси шаҳр дар толори мактаби №34 Ҷамоат бо иштироки вакилони халқи Ҷамоати деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллии деҳаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир гардид.

Сараввал, ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳои Даҳана-Сироҷов М. оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоати деҳот дар соли 2018 шунида шуд. Номбурда иброз намуд, ки давоми соли сипаригардида 6 адад иншоотҳо дар ҳудуди ҷамоат сохта ба истифода дода шуда, дар соли 2019 бошад сохтмон 22 адад иншоотҳои дигар ба нақша гирифта шудааст.

Сипас раиси шаҳр аз раисони кумитаҳои маҳали деҳаҳо, оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, таъмири иншоотҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳои автомобилгард, бунёди корхонаҳои саноатӣ,  иҷрои корҳои ободонӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва гулу ниҳолшинонӣ пурсиш намуд.

Бо назардошти захираю имконияти мавҷуда,  масъулин ҷиҳати  ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, саривақт таъмиру сохта  ба истифода супоридани иншоотҳо, самаранок истифода намудани замину бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, дар ин замина бештар ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, ба корҳои хонагӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин вазифадор карда шуданд.

Ҳамчунин ба  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа раиси шаҳр  қайд намуданд, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, обод намудани ҳар як деҳа, маҳалла ва кӯча, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон  ба шумор меравад.

Бо назардошти ин  аз иштирокдорон  даъват карда шуд, ки бояд ҳама дар якҷоягӣ меҳнат намуда, заҳмат кашида дастуру супоришҳои Пешвои миллатро бо сарбаландона иҷро карда, шароити хубро барои насли наврас фароҳам оварда,  дар рушди ҳар як деҳа саҳмгузор бошем.

Чунин вохӯрӣ тибқи нақша дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ пешбинӣ шудааст.

                                                                                          Шокир Каримзод

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code