Ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 25 феврали  соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовини раис шаҳр оид ба комиссия Кенҷамо Маҷидова, котиби комиссия, комисарияати ҳарбӣ,  сектори хусусӣ далатӣ, ҷавонон ва варизиш, раисони ҷамоатҳои деҳот, Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, колеҷҳои тиббию омӯзгорӣ,  ситод оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории ситод, ин раванди омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонон ба саффи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Раиси шаҳр шахсони масъулро вазифадор намуд, ки суҳбату вохӯриҳоро бо аҳолӣ баҳри баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон, барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон, ривоҷу равнақ додани сулҳу субот ва иттиҳодиву иттифоқии ҷомеа, пойдории Истиқлолияти кишвари маҳбубамон роҳандозӣ намуда, сарбаландона, ҷавонони шуҷоъу далери шаҳри Кӯлобро барои хизмати модар-Ватан сафарбар намоем.

Шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки шуҷоъиву зиракиро пешаи кори худ намуда, ҳар лаҳза барои пойдории амнияту суботи ҷомеа мулоҳиза намоем ва аз хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки ба ҷомеаи мо ғарази халал ворид карданро доранд, бо тану ҷон мубориза барем, то ба зеҳни наврасону ҷавонони мо халал ворид насозанд.

Раиси шаҳр, дар охир иброз доштанд, ки ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ (хизмати модар-Ватан) вазифаи ҳар яки мо ба ҳисоб рафта,  ҳамагонро водор месозад, ки ба ин уҳдадории ҷавонон таваҷҷуҳ дошта бошем.

                                                                                              Шокир Каримзод

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code