Насли солим – ояндаи солими миллат

Ҳар як шахси дурандеш медонад ва эҳсос менамояд, ки солимии ҷисмонӣ ва руҳии насли наврас солимии ояндаи миллат ва давлатро ба вуҷуд меорад. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,  Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолӣ,  мустаҳкам намудани пояи оиладорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати тавлиди насли солим, таълиму тарбияи фарзанд, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, беҳдошти шароити модару кӯдак диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият нақшаи васеи чорабиниҳоро баҳри солимгардонии насли наврас ва бо ин васила таъмин намудани амнияту суботи минбаъдаи хеш таҳрезӣ намуда, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, модару кӯдак ва таъмини заминаи ҳуқуқии манфиатҳои онҳоро ба роҳ монд. Дар ин замина, пеш аз ҳама, Конвенсияҳои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, оид ба синни ниҳоии ба кор қабул кардан ва қатъи шаклҳои ногувори меҳнати кӯдакро пазируфт ва зерашон имзо гузошт.

Аз ҳама асос, Дар Консититутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар зерқонунҳо давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф карда, ҳангоми ба синни никоҳӣ  расидан ба марду зан ҳукуки баробари бастани ақди никох ва баробарии муносибати оилавии онҳоро кафолат дод. Дар асоси Сарқонун инчунин модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор гирифта, волидайн дар тарбияи фарзанд ва фарзандони болиғ барои нигоҳубини волидайн масъул гардонида шуданд. Бар замми ин, давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шаҳрвандон, солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон, таълимоти ройгон ва дигар шаклҳои таҳсилро таъмин сохт.

Дар доираи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ иловатан дигар самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, вазифаю уҳдадориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, масъулияти падару модар ва ҷомеа оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян гардиданд.

Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва солимии репродуктивӣ имкон дод, ки дар остонаи оиладоршавӣ солимии насли оянда муайян карда шавад ва дар даврони ҳомиладорию таваллуд ва  тарбияи минбаъдаи кӯдак солимии ӯ назорат ва ҳифз гардад. Натиҷаи чораҳои андешидашуда  буд, ки нишондоди фавти модару кӯдак, маъюбию фалаҷ  ва дигар бемории наврасон  ба маротиб кам карда шуд.

Ислоҳоти соҳаи маориф ва илм бошад барои тарбияи томактабии кӯдакон, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони мо, тарбияи насли бофарҳангу соҳибмаълумот, гирифтани маълумоти муосири миёнаю касбӣ ва олӣ,  касбомӯзӣ, рушди ҷисмонӣ ва руҳонии наврасон шароити мусоид фароҳам овард.  Вақтҳои охир ба варзиш дар байни наврасон диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад, ки эълон гардидани соли оммавии футбол низ мисоли он аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» як амале буд, ки дар тарбияи дурусти насли наврас таъсири назаррас мегузорад. Ин қонун масъулияти волидайнро дар тарбияи фарзанд баланд бардошта, ояндаи неки миллатро таъмин месозад.

Барои ташакули маънавии кӯдакону наврасон, таъмини талаботи фарҳангию маънавӣ ва мадании онҳо, баланд бардоштани мафкура ва ҷаҳонбиниашон телевизиони кӯдаконаи «Баҳористон» таъсис дода шуд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, солимгардони саломатии модару кӯдак мусбӣ арзёбӣ менамояд. Ин ҳам бошад  таҷассумгари возеҳи сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлати тоҷикон  аст.

Ғамхории давлату Ҳукумат аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки фарзандони хешро дар руҳияи миллату ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некпарастӣ, рафтору кирдор ва пиндори нек тарбия намуда, баҳри соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо, омодагӣ ба ҳаёти мустаҳқилона ва  меҳнату рағбаташон саъю талош варзем.

Насли наврасро мебояд дар руҳияи ахлоқу одоби ҳамида ба воя расонем. Ниёз ва орзуҳои моддию маънавии онҳоро то ҳадди имкон бароварда созем. Ҳуқуқи онҳоро ҳимоя карда, шаъну шарафашонро пос дорем ва адолатро дар муносибат бо онҳо пешаи худ гардонем. Дар сиришти онҳо парҳез кардан аз исрофро парвариш диҳем. Онҳоро зери муҳаббати самимӣ гирифта, аз таҳдиду хатарҳои замона, ҷангу ҷидол, ҷинояту кирдорҳои номатлуб, бадкорию фитна эмин дорем. Раҳму шафқатро дар синаи онҳо ҷой намоему зебоипараст гардонем. Дар интихоби дӯст ва шарики зиндагӣ роҳнамоӣ намоем.  Ҷавононро ба таҷрибаҳои зиндагии худ ошно созем, то дар зиндагӣ масъулиятшинос бошанд, некном гарданд ва ояндаи неки худ ва миллатро таъмин намоянд. Илму дониш ва ҳунар омӯзанд, руҳу бадан ва муҳити худро солим нигоҳ доранд. Манфиатҳои ҷомеаро бар манфиатҳои фардӣ бартарӣ диҳанд.

Дар қалби кӯдак ҷой кардани хислатҳои неки болозикр, таълиму тарбияи дурусти ӯ, беҳдошти солимии рӯҳӣ ва ҷисмонии фарзанд вазифаи аввалиндараҷаи волидайн ва давлат буда, аз ҳар яки мо ҳисси баланди масъулиятро талаб мекунад. Бо ин васила на танҳо солимии оила, балки солимии ҷомеа ва амну суботи давлати соҳибистиқлоламон таъмин карда мегардад.  Чуноне, ки шоир мефармояд:

         Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

         То ба охир меравад девор каҷ.

                             

                                                          Оминаи Ашурмад Раҳимӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code