Китоб-сарчашмаи хирад аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаҳои нигоҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Китобхона-ҳамчун муассисаи фарҳангӣ  дар тарбияи худшиносию худогаҳии миллии  оммаи васеъи хонандагон  ҳамчун маҳзани илму маърифат мавқеъи хосаеро ишғол менамояд.

Бо мақсади  ҷалби бештари  наврасон,  ҷавонон ва калонсолон ба китобхонаҳо, бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба китоб, хониш, каломи бадеъ, омӯзиш ва таҳқиқӣ мероси гаронмояи таърихию фарҳангии халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ бо дастгирии бевоситаи  Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» 2185-нусха адабиёт ба маблағи 8603 с 97-дирам ба хазинаи китобии Китобхона ҳамчун тӯҳфа  ворид гардид.

Адабиёти воридгардида,  1950-нусха китобу китобчаҳои бадеӣ ва 235-нусха  адабиётҳои таълимӣ ва соҳавӣ  мебошанд, ки ин дар пуррагардонии хазинаи китобӣ саҳми муносиб гузошта тавонист.

Маъмурияти Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» миннатдории хеш ва аҳли кормандонро ба вазири Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  мерасонад.

Ин иқдоми нек ва хайрхоҳона, мо кормандони китобхонаҳоро муввазаф  менамояд, ки  дар тарғибу ташвиқи хазинаи китобӣ саҳми назаррас гузошта, шумораи зиёди хонандагонро  ба хониши китоб ҷалб карда тавонем.

 

Обидов С- директори Муассисаи давлатии

«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб».

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code