Истиқболи 26- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

26-уми солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб  бо тантана таҷлил карда шуд. Чорабинии муҳташам бо иштироки  афсарону сарбозон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони набардҳои башардустона,  барқароркунандагони  сохти конститутсионӣ, афсарону сарбозни қисми низомии 13483д, намояндагони комисариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо    доир карда шуд.

Саравал, раиси шаҳр, муҳтарам  Хайрулло Амонуло баромад намуда, иштироккунандагонро ба муносибати рӯзи солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, қайд намуанд: «Тантанаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ на танҳо иди низомиёни мо, балки иди кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз аст. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба василаи хизмати фарзандону пайвандон чун як узви таркибӣ ба кору пайкори рӯзгори халқ ҳамбастагии ҷудонашаванда дорад. Ба ин маънӣ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  иди хурду калон ва пиру барнои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад».

 

 

 

 

 

 

 

Дар фарҷоми суханрони аз ҷониби раиси шаҳр, як зумра, фаъолон ва шахсони баруманди шаҳр барои хизматҳои арзанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ободониву созандагӣ ва тарбияи ватандустиву ватанпарварии ҷавон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб  сарфоз гардонида шуданд.

Ба ифтихори шодбоши ҷавонмарони содиқи Ватан чорабинии фарҳангӣ аз тарафи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб    бо тантана ва шукуҳу шаҳомат доир карда шуд.

Бахши матбутӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code