Боздиди раиси шаҳри Кӯлоб аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди деҳот дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018)  бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Вобаста ба ин барои амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия гардида, чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Тибқи  нақшаи мазкур бояд дар ҳар як деҳа корҳои сохтмону таъмири иншоотҳои таъиноти гуногун, рушди инфрасохтор, ободонӣ, ниҳолу гулшинонӣ ба сомон расонида  шаванд.

Барои аз наздик шинос шудан ба фаъолияти Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ҳудуди Ҷамоати деҳот рӯзи 21 феврали соли равон раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Х. Амонулло бо  гуруҳи корӣ аз рафти  корҳои амалишуда, сохтмони иншоотҳои гуногун ва хоҷагиҳои деҳқонию моҳипарварӣ  дидан намуд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷамоати деҳоти Зиракӣ яке аз ҷамоатҳои деҳоти калонтарини шаҳр буда, дар  он 18 деҳа, 3824 хоҷагиҳои хонаводагӣ бо теъдоди 30 ҳазору 954 нафар аҳолӣ зиндагонӣ доранд.

 

 

 

 

 

Раиси шаҳр дар ибтидо аз рафти таъсиси гармхонаҳо дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ боздид намуд. Аз ҷониби кооперативии тиҷоратии М. А. Ҳамадонӣ сохтмони  20 гармхонаи замонавӣ идома дошта, барои парвариши сабзавот усули обёрии қатрагӣ истифода мегардад. Дар чор гармхона тухмии сабзавот кишт гардида, корҳо дар дигар гармхона идома доранд. Дар ҳолати ба истифода супоридани гармхонаҳо  40 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад. Раиси шаҳр бо деҳқонон суҳбат намуда, барои  фаъолияти доимии гармхонаҳо ба онҳо тавсия дода, қайд намуданд, ки  маҳсулотҳои истеҳсолшуда нисбат ба маҳсулотҳои аз дигар шаҳру ноҳияҳо воридгардида пасттар буда, талаботи зиёд дошта, ҳамзамон деҳқон фоидаи хуб ба даст меоранд.

Роҳбари гармхонаҳо қайд кард, ки  дар баробари гармхонаҳо инчунин сардхонаи муосир бунёд менамояд ва дар ин замина 10  ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, барои нигоҳдории маҳсулоти деҳқонон ва талаф наёфтани ҳосили меваю сабзавот мусоид хоҳад намуд.

 

 

 

 

 

 

Сипас  аз рафти корҳои сохтмони чойхонаи дуошёнаи миллӣ, бо нуқтаи шустшӯйи мошинҳо дидан намуда,  ҳангоми сӯҳбат соҳибмулк уҳдадорӣ гирифт, ки иншоотро то ҷашни Рӯзи  Ваҳдати миллӣ ба истифода супорида, аҳолии деҳотро ба кор ҷалб хоҳад намуд.

Дар деҳаи Ҳакимобод бо рафти корҳои сохтмони 4  иншоотҳо, аз қабили мағоза, кошонаи ҳусн, нуқтаи шустӯшии мошинҳо шинос шуда, раиси шаҳр баҳри ҳарчи тезтар сохта ба истифода супоридани онҳо  ва дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ фаъолият намуданашон соҳибкоронро таъкид намуд.

Дар  хонаи фарҳанги деҳаи мазкур  толори ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуда, дар он маҳсулоти ҳунармандони деҳа, аз ҷумла маҳсулотҳои чаканӣ, табақу қошуқи ҷубин, сабадҳои гуногун, маҳсулотҳои заргарӣ ба маъзари тамошо гузошта шудаанд, ки барои муаарифӣ намудани ҳунармандон мусоидат менамояд.

Раиси шаҳр бо гуруҳи корӣ дар деҳаи Офтоблиқо  аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии ба номи «Атохуҷа» боздид намуд. Хоҷагии мазкур  11 гектар заминро истифода намуда, ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ, замбӯри асалпарварӣ ва чорводорӣ низ машғул буда, ҳмчунин дар як гектар ҳавзи моҳипарварӣ таъсис додааст, ки дар як сол 1,5 тонна моҳӣ ба бозор ворид менамояд. Умуман роҳбари хоҷагӣ ҳангоми вохӯрӣ қайд намуд, ки саҳмдорони хоҷагӣ дар рӯзғор камбудӣ надоранд. Дар оянда низ кӯшиш менамоянд, ки аз як замин 2-3 ҳосил гирифта, дар баробари пешбурди зиндагии худ, бозорҳои шаҳрро бо маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан паст таъмин намоянд.

 

 

 

 

 

 

Баъдан гуруҳи корӣ бо корҳои сохтмонии иншоотҳои дигари деҳаи Офтоблиқо, аз ҷумла  ду бинои дуошёна, ки дар онҳо нуқтаи таъмири мошинҳо, толори варзишӣ, ҳамом ва нуқтаи ҳунарҳои мардумӣ бунёд мегарданд, шинос шуда, раиси шаҳр соҳибкоронро барои вусъати корҳо вазифадор намуд.

Дар деҳаи  Зарқалъа аз беморхонаи ноҳиявӣ боздид намуда, ҳангоми вохӯрӣ сардухтури беморхонаи мазкур аз нақшаи таъмир гуруҳи кориро шинос намуда, ваъда дод, ки беморхонаро бо дастгирии соҳибкорон ба тарҳи замонавӣ таъмир менамояд. Раиси шаҳр  ҳамзамон барои баланд намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ номбурдаро таъкид намуд.

 

 

 

 

 

 

Раиси шаҳр бо гуруҳи корӣ  аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаи комбинати  хонасозии шаҳр шинос шуда, барои муташккилона ба роҳ мондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба тариқи ҳашар масъулин, аз ҷумла идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, раисони кумитаҳои маҳаллии деҳотро вазифадор намуда, қайд намуданд, ки “Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ”.

 

 

 

 

 

 

Ҳамчунин раиси шаҳр бо гуруҳи корӣ  рафти таълиму тарбия ва ҳолати зимистонгузаронии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12, 19, 21-и Ҷамоати деҳоти Зиракиро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дода, ба роҳбарони муассисаҳо ҷиҳати баланд намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ дастур дод.

Дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дастгирии соҳибкорон 5 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст, ба масъулин дастур дода шуд, ки то ҷашни байналмилалии Наврӯз иншоот  ба истифода супорида  шавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Баъд аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонию ободонӣ, вохӯрӣ бо сокинони соҳибкорони деҳаҳо дар толори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо иштироки вакилони халқи Ҷамоати деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллии деҳаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо раиси шаҳр ҷаласаи корӣ доир намуд.

Сараввал, ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳои Зиракӣ Зардиев Ҳ. оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоати деҳот дар соли 2018 ва моҳҳои январу феврали соли 2019 шунида шуд.

Номбурда, иброз дошт, ки дар ин муддат 42 иншоотҳои таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шуда, 27 адади дигар аз таъмир бароварда шуданд.

Дар соли 2019 бошад дар ҳудуди Ҷамоати деҳот  таъмиру бунёди 119 адад иншоотҳо ба нақша гирифта шуда, аз ин 82 иншоот бунёд гардида, 37 иншоотҳо  таъмир карда хоҳанд шуд. Барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо якчанд маротиба  бо фаъолони Ҷамоати деҳот вохӯриҳо гузаронида шуда, корҳо дар иншоотҳо оғоз гардида, вобаста ба боду ҳаво вусъат бахшида мешаванд, қайд намуд раиси Ҷамоати деҳот.

Сипас раиси шаҳр аз раисони кумитаҳои маҳаллии деҳаҳо, вакилони Ҷамоати деҳот оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ, таъмири иншоотҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳои автомобилгард, бунёди корхонаҳои саноатӣ,  иҷрои корҳои ободонӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва гулу ниҳолшинонӣ пурсиш намуд.

Раиси шаҳр қайд намуданд, ки дар баробари пешравиҳо дар Ҷамоати деҳот дар шудгори заминҳо, кишти зироатҳо, таъмири роҳҳои автомобилгард, равшаннамоии деҳаҳо, ҷудошавии оилаҳо, сатҳи таълиму тарбия ва хизматрасонии тиббӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ камбудиҳо ҷой доранд.

Бо назардошти захираю имконияти мавҷуда,  масъулин ҷиҳати  ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, саривақт таъмиру сохта  ба истифода супоридани иншоотҳо, самаранок истифода намудани замину бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, дар ин замина бештар ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, ба корҳои хонагӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин вазифадор карда шуданд.

Ҳамчунин ба  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ барои мусоидат ва ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Нақшаи чорабиниҳоро бояд ҳар як раиси кумитаи маҳаллии деҳаҳо ва вакилони Ҷамоати деҳот бо худ дошта, рафти корҳоро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҳамзамон сокинону соҳибкороне ки барои бунёди иншоотҳо, ҳавзи моҳӣ ва ғайра хоҳиш доранд, ба нақшаи чорабиниҳо барои иловатон ворид намудан мусоидат намоянд, қайд намуд раиси шаҳр.

Ҳамзамон раиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, раисони кумитаи маҳаллии  деҳаҳо ва вакилони Ҷамоати деҳот  вазифадор карда шуданд, ки корҳои ободониро муташаккилона ба роҳ монда, ҳашарҳо доир намуда, дар ҳар деҳа гулу ниҳолшинониро бештар намуда, дар муҳлатҳои оптималӣ кишти зироатҳоро гузаронанд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа раиси шаҳр  қайд намуданд, ки ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, обод намудани ҳар як деҳа, маҳалла ва кӯча, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон  ба шумор меравад.

Бо назардошти ин  аз иштирокдорон  даъват карда шуд, ки бояд ҳама дар якҷоягӣ меҳнат намуда, заҳмат кашида дастуру супоришҳои Пешвои миллатро бо сарбаландона иҷро карда, шароити хубро барои насли наврас фароҳам оварда,  дар рушди ҳар як деҳа саҳмгузор бошем.

Чунин вохӯрӣ тибқи нақша дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ пешбинӣ шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code