Баромади Раиси шаҳри Кӯлоб, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба 26- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз,

муҳтарам афсарону сарбозони шуҷои Ватан!

Имрӯз дар саросари кишвари азизамон 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Иҷозат диҳед ҳамаи Шуморо ба муносибати ин санаи фархунда табрику муборакбод гуфта, ба Шумо умри дароз, иродаи матин ва тансиҳатиро таманно намоям.

Дар таърихи ватандориямон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастоварди бузург ва муқаддас аст. Вақте аз муқаддасоти давлату давлатдорӣ сухан меронем, пеш аз ҳама ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихиро пеши рӯ меорем, ки он воқеъан дар родмардӣ ва ҷонфишониҳои баҳодуронаи низомиёни  Қувваҳои Мусаллаҳи мо таҷассум меёбад.

Тантанаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ на танҳо иди низомиёни мо, балки иди кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз аст. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба василаи хизмати фарзандону пайвандон чун як узви таркибӣ ба кору пайкори рӯзгори халқ ҳамбастагии ҷудонашаванда дорад. Ба ин маънӣ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  иди хурду калон ва пиру барнои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.  Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон, онҳо аз Артиши пурқудрати Шуравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифта буданд.

Соли 1993  барои ташкил намудани  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди ҷасур, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузоштааст. Баробари таъсиси Артиши миллӣ,  давлати Тоҷикистон, ки дар оғуши ҷанг буд, неруи тоза гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки:  «Артиши ҷавони мо хусусан дар  солҳои душвору фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт»  Ташкил ва таъмини тавоноии артиши миллӣ яке аз комёбиҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ  афсарони мо дар сангарҳо ҷангиданд, вале таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вучуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андухт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Кувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифтаст.

Мақсади асосии давраи аввали бунёди Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки кобилияти таъмини Истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.

Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-хавой ва қушунҳои мудофиаи зиддиҳавой оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиқ ба тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд. Давраи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон оғоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд. Бо шомил гардидани силоҳбадастони собиқ мухолифини тоҷик сохтори ташкилию штатӣ тағйир ёфт.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои ташкилёбиаш  то ба имрӯз собит сохт, ки дар воқеъ ҳамчун артиши ватандӯсту аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ  обутобёфта  ба камол расидааст ва ба ҳеҷ гуна мушкилот тан намедиҳад.

Артиши миллӣ аз ибтидо барои барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари ҷумҳурӣ, муҳофизати дастовардҳои истиқлолияти мамлакат ва бехатарии марзҳои он талошу муборизаҳои сарнавиштсоз ва шоистаи таҳсинро анҷом дод. Дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо нафар фарзандони содиқи ватанамон ҷони худро нисор кардаанд. Хотираи онҳо ҷовидон ва фаромушношуданист.

Ҳар сол 23-уми феврал санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони шуҷоъу далер   бо шукуҳу шаҳомати  хоса таҷлил карда мешавад.

Ҳифзи истиқлолият, ҳар лаҳза омода будан ба ҳимояи марзу буми ватан, посдории сулҳ, тинҷиву оромӣ, роҳ надодан ба ҳар гуна бадхоҳӣ ба мисли терроризм, экстремизми сиёсӣ, динӣ ва дигар бадхоҳиҳо вазифаи муқаддаси Артиши миллӣ аст. Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ, камолот ва омузиши касбу ҳунар буда, осоишу оромии халқу ватан ба ҳамин хизмати содиқона вобастагии ногусастанӣ дорад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин табақаи шарафманди ҷомеаи мо вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ дар назди халқу Ватан ва миллат ба ҷо оварда, сулҳу оромӣ, амнияти кишвар ва меҳнати бунёдкоронаи мардумро бо дилу ҷон ҳифз менамояд ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ собит месозанд.

Набояд фаромуш кард, ки агар қаҳрамонҳои   миллиамон дар мушкилтарин рӯзҳо барои бақои миллати тоҷику давлатдории он ҷонфидоӣ карда бошанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон охири асри бист миллатро аз парокандагиву давлатро аз  нестшавӣ раҳоӣ бахшид.

Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии мо собит намуданд, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намуда истодаанд.

Агар рӯ ба таърих биёрем падарони қаҳрамони мо Ватанро ҳимоя карда ҷон доданд ва бо сабақи мардонагӣ мероси муқаддас ба мо ёдгор гузоштаанд. Қаҳрамониҳои Шерак, Спитамен, Шаҳболи Хатлониву Деваштиҷи Суғдӣ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалику Восеъ ва садҳо қаҳрамони дигар барои мо  дарси мардонагиву шуҷоат  меомӯзанд.

Дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватани низ фарзандони ин кишвар аз худ намунаи олии матонату қаҳрамони зоҳир намуда, бо душмани аз лиҳози яроқу аслиҳа ва техника ба маротиб хубтар мусаллаҳ буда, мардонавор ҷангиданд ва дар таъмин Ғалабаи халқҳо бар зидди фашизм саҳми бузурги худро гузоштанд. Ба ҳама маънӣ шоиста аст, ки дар ин рӯзи таърихиӣ қаҳрамонони шӯҳратманду абадизиндаи Ватан Сафар Амиршоев,  Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов, Амиралӣ Саидбеков,  Ҳодӣ Кенҷаев,  Домулло Азизов ёд кунем ва хушбахтона имрӯз се  нафар инсонҳои поквиҷдону қавирӯҳ иштирокчиёни ҷанг Мирзо Бегматов, Шарипов Ғулом, Холматов Дилдор дар  паҳлуи мо ҳастанд,  ки пеши ҷонфидоиҳои онҳо сари таъзим фуруд меорем.

Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, эҳтиром ба мукаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.

Мебояд таъкид кард, ки ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст ва агар зарур шавад ҳамчун сарбози кишвар дар ин кор ҷони худро дареғ намедорем. Боиси қаноатмандист, ки дарки ин муқаддасот дар байни ҷавонони мо рӯз аз рӯз афзоиш дорад ва сафи онҳое, ки мехоҳанд ихтиёри ба сафи Артиш раванд, аз даъват то даъват зиёд шуда истодаанд.

Аз ин рӯ моро зарур аст, ки боз ҳам бо истифода аз таҷрибаи бои собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст насли ҷавонро дар рӯҳияи меҳанпарварӣ тарабия намоем. Агар падару модар, мактаб, намояндагони фаъоли кӯчаву маҳалла ба тарбияи насли оянда  диққати зарурӣ дода, фарзандонро дар руҳияи садоқат ба Ватан, эҳтироми урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарбия намоянд, ин ашхос ҳамеша барои ҳимояи Ватан омода мешавад.

Меҳри Ватан интиҳо надорад, меҳри Ватан бо қарзи ватандорӣ дар дили ҳар яки мо шуълавар мемонад.

Ҳамдиёрони азиз! Мо ҳама дар навбати худ сарбози Ватанем ва моро зарур аст, ки барои иҷро кардани қарзи фарзандӣ дар назди Ватан ҳамеша омода бошем. Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихори миллат ва Ватани  мост. Умедворем ин Артиш, ки шаҳсутуни пойдории сулҳи комил дар кишвар аст рисолати худро, ки ҳимояи хоки пок ва муқаддаси Ватани азизамон мебошад дар ҳама шароит бо сарбаландӣ иҷро менамоянд. Бо ин ниятҳои нек бори дигар Шумо ҳамдиёрони азизро ба рӯзи таъсисёбии  Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, барои шумо пеш аз ҳама  тинҷиву амонӣ, сулҳу суббот ва хонаи ободу рӯзгори босаодатро таманно дорем.

Зиндаю поянда бод Қувваҳои Мусаллаҳи шарафманди мо- сипари боэътимоди Ватан, такягоҳи халқу давлат ва нангу номуси миллати мо!

Шараф ба аскарони шуҷою далери Ватан !

Ташаккур!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code