АРТИШ МИЛЛӢ – ПОЯИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ!

??

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 13483д чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Артиш миллӣ – пояи боэътимоди давлат!” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Валиева  Саъбагул, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шањри Кӯлоб, директори телевизион ва радиои шањри Кӯлоб – Бозорзода Сафаралӣ, Исмоилов Сайфулло – раиси иттиҳоди ҷанговарони интернатсионалистони минтақаи Кӯлоб, муовини камандири баталён оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ дар қисми низомии 13483д – палковник Амиршоев Саидаҳтам ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳузур доштанд.

Ҳозирин, аз ҷузъу томҳо ва шарту шароити қисми низомии мазкур дидан намуда, сипас бо сарбозону афсарон мулоқот доир карда шуд.

Иштирокдорон зимни баромадҳои худ қайд доштанд, ки 18-уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шурои Олӣ “Дар бораи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид ва санаи 23-юми феврали соли 1993 ба гузаштани аввалин паради ҳарбӣ ин рӯз Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Имрӯзҳо чун ба фаъолияти артиш менигарем, бори дигар ба натиҷае мерасем, ки маҳз ҷонбозиҳову сарсупурдагиҳои фарзандони фарзонаи миллат таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Чумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тамоми неруҳои носолими  ҷудоиандоз саркуб шуда, Тоҷикистонро накҳати сулҳу осудагӣ фаро гирифт.

Дар фарҷоми суҳбат изҳор гардид, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагї қодир аст, аз марзу буми Ватан ва истиқлолияту якпорчагии кишвар садоқатмандона ҳимоя кунад.

Бо роҳандозии қисмати фарҳангӣ аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбон чорабинии мазкур ба охир расид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code