Ҷаласаи назди раиси шаҳр оид ба таҳлили фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар моҳи январи соли 2019

Рӯзи 19 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории раиси шаҳр бо як қатор роҳбарон ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ доир гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр низ иштирок доштанд.

Раиси шаҳр ҷаласаро оғоз намуда қайд кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтараам Эмомалӣ Раҳмон  бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат  дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон  намуданд.

Ҷиҳати рушди соҳаи саноат, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулот, истифода намудани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии соҳбикорон ба тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ то соли 2021  мораторий эълон гардид.

 Вобаста ба ин мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр нишондиҳандаҳои дурнамои соҳаи саноатро барои соли 2019 таҳия намуда, барои рушди соҳа, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, самаранок истифода гардидани иқтидорҳои мавҷуда, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Соҳаи саноат –яке аз соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр муайян гардида, барои соҳибкорон ва шахсоне, ки хоҳиши бунёди корхонаҳои саноатиро доранд, дар муҳлати кутоҳ то 5 рӯз тавассути “Равзанаи ягона” қитъаи замин ҷудо карда мешавад.

 Ҳамзамон дар шаҳр дар майдони 6,9 га минтакаи саноатӣ таъсис дода шуда, тибқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба 7 соҳибкор дар майдони 3,8 га қитъаҳои замин ҷудо карда шуда, ҳуҷҷатҳои 6 нафари дигар дар майдони 1,5 га омода шуда истодаанд.

Тамоми шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру деҳот фароҳам оварда шудааст.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида, дар моҳи январи соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 19,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 6,4 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат  148,2 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра  23 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намуданд.  Ҳаҷми истеҳсоли орд-4,4 маротиба, нон ва маҳсулоти нонӣ-15 маротиба   зиёд гардид.

Ҳамзамон  КМ “Ресандаи Кӯлоб” баъди бекорӣ бо  ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даромад ва 76 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда,  дар моҳи январ ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Дар моҳи март хати технологии нав ворид карда шуда, баъди насби он ҳаҷми истеҳсолот 30 фоиз зиёд  мегардад.

Дар соли 2019 ҶСК “Сомон -Кӯлобтоҷҳизот” бо  ШСХК «Барқи Тоҷик»  ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ, КВД “Тоҷикагролизинг” ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ  шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, 33 нафарро ба кор ҷалб карда, ҳаҷми истеҳсолотро дар моҳи январ ба маблағи 268 ҳазор сомонӣ  расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 маротиба зиёд мебошад. Корхонаи мазкур ҳамчунин бо НБО “Роғун” ва КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик” низ шартномаҳоро барои имзо омода кардааст.

Ба  ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” дар соли равон 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик»   пешпардохт гардида, корхонаи мазкур пояҳои оҳану бетонӣ истеҳсол карда ба ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» дастрас намуд.  Дар моҳи январ корхона ба маблағи 116 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 маротиба зиёд буда, 27 нафар ба кор ҷалб гардидааст. Соҳибмулк 2 қолаби нав барои истеҳсоли пояҳои оҳану бетонӣ харидорӣ карда, дар ин замина  15 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

ҶДММ «Даврон_К» собиқ  (Заводи нони  Кӯлоб) дар моҳи январи соли 2019 истеҳсоли  маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 100,7 фоиз расонида, дар корхона 21 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Роҳбарияти корхона коргоҳи макаронбарориро насб намуда истодааст, ки дар моҳҳои наздик фаъолият оғоз карда 10 нафарро иловатан ба кор таъмин хоҳад намуд.

ҶДММ «Комбинати шир» ба маблағи 27,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ширию қаннодӣ истеҳсол намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 116 фоизро ташкил дода, 34 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

ҶДММ «Ориён-Рустам»(комбинати гӯшт) нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта ҳаҷми маҳсулотро  1,5 маротиба  зиёд карда, дар корхона ягона коргоҳи забҳи чорво дар шаҳр сохта шуда, соҳибмулк таҷҳизотҳои замонавӣ барои коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногунро дар моҳҳои  наздик ворид намуда, дар ин замина 15 ҷойҳои нави кории иловагӣ муҳайё менамояд.

ҶДММ “Нидои Кӯлоб”  дар коргоҳи дӯзандагӣ 35 нафарро ба тариқи шартномавӣ барои духти болишту курпа ва ғайра ба кор ҷалб намуда, коргоҳи  истеҳсоли макарон дар моҳи январ  4 тонна макарон истеҳсол ва 8 нафарро ба кор ҷалб кардааст.

Дар ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» аз тарафи соҳибмулк коргоҳҳо барои истеҳсоли мехча ва  мебел  шурӯъ гардида, таҷҳизотҳои зарурӣ ворид гардида, дар майдони заминҳои  ҶДММ «Мармариён» (корхонаи равған) ва ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб» шаҳрчаи саноатӣ бунёд карда мешавад. Айни замон 200 нафар ба кор ҷалб гардида, барои сохтмону барқарорсозии коргоҳҳо фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соҳибмулки корхона дар соли 2019-ум 3 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода супорида мешаванд.

ҶСШК “Заводи хишти Кӯлоб” як хумдони нав барои истеҳсоли хишти пухта бо ангиштро  сохта дар моҳҳои наздик ба истифода медиҳад.  Иқтидори корхона дар як моҳ ду маротиба афзоиш меёбад.

Дар баробари пешравиҳо дар соҳаи саноат камбудҳо низ ҷой дошта, 4 корхона дар моҳи январ умуман фаъолият накарданд.

Вобаста ба фаъолият накардан аз соҳибмулкон пурсиш карда шуд. Сабаби асосии фаъолият накардани 4 корхона набудани  маблағҳои гардон, ашёи зарурӣ буда, онҳо вазифадор карда шуданд, ки бо бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳр ҳамкорӣ намуда, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок  лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия намоянд.

Ҳамзамон ба роҳбарон ва соҳибмулкони  корхонаҳои мавсимӣ супориш дода шуд, ки аз ҳоло барои мавсим корхонаҳоро пурра омода карда, гирду атрофи корхонаро батартиб дароварда, девору иншоотҳои маъмуриро рангу бор намоянд. Барои фаъолияти мунтазам шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Аз ҷумла корхонаи пахтатозакунӣ бо хоҷагиҳои пахтакор барои хариди пахта, корхонаҳои дӯзандагӣ бо ташкилоту муассисаҳо шартнома банданд.

Ҳамзамон соҳибмулкон барои самаранок истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, майдонҳои заминҳои назди корхонаҳо, пардохти пурраи маблағҳои ҳисобшудаи андоз, ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, пешниҳоди дақиқи ҳисоботҳои оморӣ, бунёди коргоҳҳои нав, баланд намудани сифати маҳсулот ва зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ вазифадор карда шуданд.

Протоколи ҷаласа барои иҷро ба масъулин ирсол карда шуда, зери назорат қарор дода шудааст.

                                                                Шуъбаи иқтисод ва савдои шаҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code