Тараддуди кишоварзон ба кишти баҳорӣ

Бо фарорасии фасли баҳор тараддуди кишзоварон, хусусан марди деҳқон дучанд мегардад. Барои ба мақсад расидан корро маҳз дар ҳамин айём вусъат бахшидан зарур аст.

Зеро мавсими кишту кор аз марди деҳқон масъулияти бештареро тақозо дорад. Кишоварзони шаҳру деҳоти Кӯлоб мақсад доранд, ки имсол дар майдони ҳафт ҳазору чорсаду ҳафт гектар кишт гузаронанд. Айни  ҳол дар майдони се ҳазору панҷ гектар кишти тирамоҳи гузаронида шуда, дар мависми имсола дар майдони се ҳазор гектар пумбадона ва дар боқимонда заминҳои дигар намуди зироатҳои полезӣ ва хӯроки чорво кишт кара мешаванд. Барои ҳарчӣ зудтар оғоз намудани кишт ва дар муҳлати хуби агротехникӣ ба анҷом расонидани ин маърака роҳбарони хоҷагиҳо ва механизаторон техникаҳои лозимаро баъди муоинаи техникӣ ба кишти баҳорӣ омода менамоянд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдору Даҳана бо иштироки масъулини вилояти Хатлон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию механизаторон ва назоратчиёни техникии Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб санаи 19 феврали соли 2019 санҷиши техникӣ гузаронида шуд, ки дар ин тадбир 165 адад техникаҳои гуногунтамға ва мошинолотҳо пешниҳоди назоратчиён гариданд.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Даҳана майдонии умумии киштшаванда ду ҳазору шашсаду ҳаштоду ду гектар буда, аз ин дар майдони нуҳсаду чилу шаш гектар пумбадона кишт карда мешавад.

Қобили қайд аст, ки дар хоҷагиҳо кишти гандум пурра ба анҷом расида, кишоварзон барои кишти чигит ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаанд. Барои кишти саривақтӣ ҳамаи техникаҳои мавҷударо аз муоинаи техникӣ гузаронида, мутахассисон тарзи истифодаи дурусти тухмипошакҳо, аз ҷумла, чигитро вобаста ба иқлими минтақаи Кӯлоб ба кишоварзон нишон доданд.

Хоҷагидорон ният доранд, ки бо мусоид омадани боду ҳаво, имсол кишти чигитро аз нимаи моҳи март оғоз намоянд.

Дар ин ҷамъомад ба механизатороне, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм гузоштаанд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Кумитаи иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатии шаҳр сарфароз гардиданд.

Кишварзон ва хоҷагиҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ният доранд, ки соли ҷорӣ кишти пумбадона ва дигар зироатҳоро сари вақт ба анҷом расонанд.

                                                                                                                      Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code