Пешвои миллат – поягузори Артиши миллӣ

Бахшида  ба  26-умин солгарди  Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи баргузории чорабиниҳо  бахшида ба  ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  20 феврали соли равон  кормандони  Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон  ба номи  Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо муҳассилини коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ  дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии хонандагонро бо намояндагони Комиссарияти ҳарбии минтақаи Кӯлоб дар мавзӯи «Пешвои миллат-поягузори Артиши миллӣ» доир намуданд. Пеш аз ифтитоҳи  чорабинӣ иштирокчиён аз намоиши баландмазмуни расмдор таҳти унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” дидан намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, директори китобхона  Обидов С. иштирокчиёнро бо фарорасии 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҷавонони моро зарур аст, ки ҳисси баланди миллӣ дар худ касб намуда, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии  хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи он ҳамеша омода буда, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.

Дар чорабинӣ комиссари Комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб Маҳмадиев Л., капитани милитсия Фаридуни Тоҳирҷон суханронӣ намуда, ҷавононро ба далерию шуҷоатмандӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар даъват намуданд.

Дар рафти чорабинӣ аъзои маҳфили “Ганҷи дониш”-и назди китобхона, гуруҳи ихтиёриёни  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва донишҷӯёни  коллеҷи милитсия  бо қироати шеър ва суруд хотири ҳозиринро шод гардонида, ваъда доданд, ки доимо барои пойдории сулҳу суббот ва Ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизамон  тамоми саъю кӯшиши худро равона месозанд.

Дар охир иштирокчиёни фаъол ва меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравии  таъсиснамудаи  маъмурияти китобхона сарфароз гардонида шудаанд.

Абдуллоева Саодат –  корманди  Муассисаи давлатии

«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб».

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code