Ҷаласаи навбатии раиси шаҳр

Санаи 18 феврали соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардида, аввалан масъалаи кадрӣ-шиносоии мудири бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сардори ҷамъияти матлуботи шаҳр муарифӣ карда шуданд.

Сипас, оид ба масъалаи ахбороти роҳбари гуруҳи кории шаҳри Кӯлоб баҳри омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси шаҳр Ҳафизов П. «Оид ба рафти азнавсозии боғҳо ва бартараф намудани камбудиҳо дар самти кучонидани  иншоотҳои хизматрасонии фаъолиятдошта, ки ба азнавсозӣ дар ҷойҳои муайянгашта монеа эҷод менамоянд» шунида шуд.

Раиси шаҳр иброз доштанд, ки барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозии боғҳои шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла, Боғи фарҳангию фароғатӣ аз тарафи КВД “Ширкати алюминийи тоҷик”, Боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи  давлатии шаҳри Кӯлоб, Боғи “Роҳи оҳанчиён”  аз тарафи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, гулгаштҳои ба номи Сафар Амиршоев ва  Саидҷон Назаров аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи миллии “Сомониён” аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб тибқи лоиҳаҳои тасдиқгардида, ки аз ҷониби зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст, корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.

Дар ин замина аз муовини раис оид ба соҳаи сохтмон, сармеъмор ва шахсони дахлдор пурсиш намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва тезонидани корҳои азнавсозӣ ва сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, ҳолати шудгор, кишти зироатҳо, аз ҷумла, кишти ғалла, картошка, сабзавот, омода намудани замин барои кишти пахта дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳолати таъминоти барқ ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар давраи зимистонгузаронӣ, кам намудани талафоти нерӯи барқ ва рафти пардохти маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, оид ба рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 30 январи соли 2018, №30 «Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналии шаҳр, рафти сохтмони биноҳои нави муассисаи таълимӣ №21, вазъи соҳаи саноат, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла, маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, рафти ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, корҳои омодагӣ ба таҷлили Рӯзи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23-феврал), Рӯзи модар (8-март) ва ҷашни Наврӯз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои кӯчаҳои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуд. Дар натиҷа қарорҳои дахлдор қабул гарида, вазифаҳо барои масъулин муайян карда шуданд.

  Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code