Вохӯрии вакилони мардумӣ бо аҳолӣ

Тибқи нақшаи тасиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар бораи гузаронидани вохӯриҳои вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Кӯлоб, бо интихобкунандагон барои расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ва омодагӣ ба ҷашни 30- солгаиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳамрӯза бо сокинон дар маҳаллаҳои шаҳр вохӯриҳо баргузор гардида стодааст.

Дар вохӯриҳо вакилони мардумӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат бо мардум суҳбат доир намуда, ҳамчунин баҳри ободу зебо гардонидани маҳаллаҳо ва дар сатҳи баланд омодагӣ дидан ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мулоқотҳо анҷом дода истодаанд.

Инчунин масъалаҳои бештар дар суҳбату мулоқотҳо ҷойдошта, ин балад бароштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ривоҷу равнақ додани саноаткунонии босуръат буда, бо фаъолони ҷомеа ҷиҳати дастгирии ҳукумат ба масоили макур ва рӯй овардани ҳар як фарди ҷомеа ба созандагиву ободкорӣ, ваҳдату ягонагии давлату миллат мебошад.

                                                                  Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code