Аввалсуханам як умр номи Ватан аст…

Ба истиқболи ҷашни 80-солагии устод Сайидҷон Ҳакимзода

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон зиёиёни кишвар ба як нерӯи тавоно табдил ёфта, дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон иштироки фаъолона доранд. Онҳо бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсияву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа саъю талош карда истодаанд.

Ҳар давраи инкишофи адабиёт мавзуъҳои марказиву асосии худро дорад, ки дар заминаи ташаккули маънавии мардум ба миён меоянд. Дар ташаккул ва инкишофи ғоявии халқ мавқеи шоирону нависандагон ҷойгоҳи махсусро дорад. Офаридаҳои адибон барои ҳамаҷониба  ва хубтар шинохтани худ ба халқ ёрмандӣ мекунад, пояҳои миллии ахлоқи ҷомеа ва маънавияти мардумро устувортар мегардонад, ҳофизаи таърихии халқро сайқал дода, миллату давлатро барои оянда муаррифӣ намудаву пос медорад. Осори безаволи адибони тоҷик, ки дар солҳои охир  таълиф гардидаанд, бидуни ҳеҷ шубҳа дар тарбияи ҳисси худогоҳии халқ хидмати бузурге ба ҷо оварданд ва дар ташаккули савияи кунунии ҷомеаи мо нақши равшан гузоштанд.

Устод Сайидҷон Ҳакимзода аз зумраи шоироне маҳсуб меёбад, ки бо осори гаронбаҳояш дар хазинаи тиллоии адабиёти тоҷик барои ҳамешагӣ сабт ёфтааст. Ӯ 25 январи соли 1939 дар деҳои Каримбердии ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтааст. Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро соли 1969 хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатияш аз соли 1967 оғоз ёфта, дар вазифаҳои мусаҳҳеҳ, ходими адабӣ мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Кӯлоб”, муҳаррир ва сармуҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи радиои Кӯлоб шуда кор кардааст.

Устод Сайидҷон Ҳакимзода дар адабиёти муосири тоҷик аз чеҳраҳои  маъруф маҳсуб меёбад. Офаридаҳои ӯ махсусияти худро дорад ва як хусусияти равшан ва хосае, ки дар шеъри ӯ ба назар мерасад, муҳаббат ба Ватан, миллат, таърихи миллат ва мардуми  Тоҷикистон аст.  Ӯ бо офаридаҳояш муҳаббати воқеӣ  худро аз меҳру ишқи ҳақиқӣ ба халқу Ватан ба таври назм мерасонид ва шеърҳои ӯро ҳамин муҳаббати самими ранг додааст.

Решаам сахт ба хоки Ватан аст,

Шохаи пургули умрам сухан аст.

Дар ҳама ҷойи Ватан ҷойи ман аст,

Ман ҳамонам, ки  ҳамон мемонам,

Дар бари ҳамватанон мемонам.[1]

Устод аввали солҳои 60-ум ба ба эҷоди шеър шурӯъ кардааст. Эъҷодиёташ дар маҷмӯаҳои “Лолаи сурх”(1964), “Сарчашма” (1983), “Ҷигаргӯша”(1987), “Хирман”(1989), “Достони санг”(1993), “Садафмоҳ”(1993), “Фидоӣ”(1994), “Кӯҳпора”(1996), “Сӯзи дил” (1996), “Чеҳраи субҳ”(1996) гирд омадааст.[2]

Намунаи ашъораш бо забонҳои рӯсӣ, ӯзбекӣ, украинӣ ба табъ расидааст ва аз шоирони русу ӯзбек низ тарҷумаҳо дорад. Аз соли 1990 ба узвияти  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Ва имрӯз метавон гуфт, ки мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ аз мавзӯъҳои асосии адабиёт аст ва дар ин ҷабҳа устод Сайидҷон Ҳакимзода  тавонист, ки дар ин мавзӯъ ва умуман шеър симои хосаи худро дошта бошад.

 Арҷгузорӣ ба таърихи куҳанбунёди Ватан, пос доштани расму оини мардуӣ аз мавзуъҳои асосии шоири ватансаро мебошад.

Дороии ман ба даҳр ганҷи сухан аст,

Аввалсуханам як умр номи Ватан аст.

Хурдам ба сухан қасам ба пеши Ватанам,

Дарду ғами он ҳамеша ҳамроҳи ман аст.

Устод аз омад-омади баҳор ба ваҷд меомад. Талу теппаҳои сабзпӯши диёр, чашмасорони софу зулолаш, нағмапардозҳои парандаҳои хушовоз ба шоир илҳоми нав мебахшиду шеър дар лаб Наврӯзи ҷамшедиро ситоиш мекард.

Наврӯз, биё, то ки зи Ҷамшед кунам ёд,

Аз хонаи бигзаштаи уммед кунам ёд.

Аз бахти дурахшандаи испед кунам ёд,

Аз омадану рафтани хуршед кунам ёд.[3]

Маҳз хидматҳои содиқонааш дар адабиёти тоҷик буд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Кӯлоб бо номи шоири варзида Саидҷон Ҳакимзода номгузорӣ карда шудааст. Ва нимпайкараи устод дар даромадгоҳи ин муассисаи таълими ҳамчун рамзи арҷгузори ба устод гузошта шудааст.

Соли 2019 устоди зиндаёд С.Ҳакимзода 80- сола шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ба хотири гиромидошти устоди зиндаёд Сайидҷон Ҳакимзода барномаи бошукуҳеро таҳти унвони “Шарораи хотираҳо” омода созад. Дар баробари ин дар тамоми муассисаҳои шаҳру деҳоти  Кӯлоб маҳфилҳои “Ҳакимзодахонӣ” рафтаистодааст, ки ин метавонад бори дигар зам-замаи шеъри устодро дар забони мардум  зинда нигоҳ дорад.

[1] С.Ҳакимзода- Кӯҳпора Душанбе «Адиб»-1996  саҳ-5

[2] Адибони Тоҷикистон- Душанбе «Адиб»-2003  саҳ-608-609

[3]  Адабиёт ва санъат-, 3-юми январи соли 2019 №1 (1972) саҳ-10

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code