Даври дуюми Фестивали «Чакомаи гесӯ» дар вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид

Санаи 15 феврали соли равон дар партави иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, дар толори театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Фестивали вилояти «Чакомаи гесӯ» бо иштироки 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур ҳунармандон, аз ҷумла, чакандӯзон, машотаҳо аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва литсейи касбии техникии сохтмонӣ шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, ҳунари волои хешро нишондоданд.

Дар ҷамъбасти Фестивали вилояти иштирокдорони шаҳри Кӯлоб бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code