Ҷаласаи корӣ оид ба рафти баргузори озмуни «Сайри гули лола»

 

 

 

 

 

Санаи 15 феврали соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ оид  ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140  барои гузаронидани озмуни гулҳо «Сайри гули лола» бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр,   раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони  идораву ташкилот ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида шуд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки нақшаи гулу гулбуташинонӣ тасдиқ шудааст. Бояд корҳо дар ин самт  вусъат бахшида шуда, нақшаи пешбини гардида, иҷро карда шавад.

Ҳамчунин КФД «Ниҳолпарварӣ кабудизоркунӣ»-и шаҳр вазифадор карда шуд, ки ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва хоҳишмандонро бо гули лола, буттагулҳои гуногун таъмин намояд.

Тибқи Амри раиси  шаҳр комиссияи озмуни «Сайри гули лола» таҳти роҳбарии Маҷидова К- муовини раиси шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуда, озмуни шаҳрӣ дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъбаст карда мешавад.

Барои ғолибон ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишманд пешбинӣ шудааст.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code