ИҒВОАНГЕЗИЮ ДАССИСАБОЗӢ – КОРИ ХИЁНАТКОРОНИ БЕВАТАН АСТ

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз бо хислатҳои ба худ хоси тоҷикона ва анъанаю суннатҳои содиқона ва шеъваҳои мардона маҳбубу машҳур буд ва ҳаст. Аммо баъди соҳибистиқлоли  Ҷумҳурии Тоқикистон гурӯҳҳои манфиатҷӯе пайдо шуданд, ки баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ ва нақшаҳое, ки  аз ҷониби “Шефҳои хориҷӣ”-и худ  терҳрези шудаанд, мехостанд дар ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо иғвою дасисаҳои бемантиқашон миллатро байни ҳам шуронида, нооромиву парокандагӣ ва саҳнае, ки дар қарни гузашта Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаррогир буд, аз сари нав барпо намоянд. Ва бо ин аъмоли бад ва хислатҳои ноҷавонмардона, хиёнат ба падару модар, миллат, давлат ва сифатҳои ғайриинсонии худ, инчунин ба номи бузургони миллат иснод оварданд. Ин ҳама  гуфтаҳо аз хислатҳои роҳбари Паймони миллӣ тоҷикон дар Аврупо М. Кабирӣ мебошад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро як шахси масъум ва ватандӯст нишон медиҳад, аммо дар асл сираташ ба ҷӯз кинаву кудурат ва хиёнату ватанфурушӣ чизи дигаре нест. Мехоҳад дар рӯ ба рӯ бо мардум тариқи интернет ва шабакаи ЮТУБ, мустақиман, бо суханҳои бардуруғ ва ҳасудхурона айби худро пушонад. Лек, чи илоҷ, ки Офтобро бо доман пушонида намешавад!. Хушбахтона, имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҷавонони ватандӯст, кам нестанд, ки барои як нафар ё ин ки як гурӯҳи мухолифи хиёнаткор, ки аз дур истода бар сари давлату миллати тоҷик маломат мезананд, тариқи вокунишу мақолаҳо ҷавобҳои мушаххас бидиҳанд.

Мардуми тоҷик дигар мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нестанд, ки ба дуруғу дассисаҳои ТТЭ ҲНИ дода шаванд. Албатта, он рӯзҳои вазнинро дар ҷанги шаҳрвандӣ халқи тоҷик аз сар гузаронид. Ин ҳолат таҷрибае хубе гардид, ки мардум сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонанд. Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва танҳо мақсадаш созандагиву бунёдкорист.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб,

 Файзуллоев Алишер

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code