15- феврал- «Рӯзи поси» хотир қайд карда шуд

 

 

 

 

 

 

 

 

Санаи 15 феврали соли 2019 дар театри мазҳака-мусиқии ба номи  Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб  бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло муовини якум, муовинон, собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист бахшида ба  30- солагии хуруҷи  теъдоди маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон чорабини баргузор гардид.

Ҳамчунин раиси шаҳр собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист ва дигар иштирокдоронро табрик намуда қайд доштанд, ки Шуморо ба муносибати  30- солагии берун шудани теъдоди маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон  табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатию некбахтиро орзӯ менамоям.

Дар асоси дархости чандинкаратаи роҳбарияти қонунии давлати Афғонистон тибқи оиномаи Созмони Миллалӣ Мутаҳиди теъдоди маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ барои пешгирии қатли оми аҳолӣ, таҳкими сулҳ ба хоки Афғонистон ворид карда шуд.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми дар давлати Афғонистон қарор доштани теъдоди маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати марказӣ фаъолият дошта ваорату идораҳо ваъиятро дар тамоми минтақаҳо назорат мекарданд.

Дар баробари кӯмакҳои низомӣ инчунин дар соҳаи маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ низ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуданд.

Ҳар як афсару сарбоз  мушкилотҳои мавҷударо дар хизматӣ ҳарбӣ пушти сар намуда, уҳдадориҳои худро бо сари баланд дар Ҷумҳурии Афғонистон иҷро намуда ба Ватан баргаштанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми хуруҷи теъдоди маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар таърихи 15 феврали соли 1989 Қумандони Артиш, генерал- лейтенант Борис Громов таъки карда буд:

Мо бояд аз ин ҷанг сабақ гирифта,  ҳамаша пеши чунин ҷангро гирем.

Дар хоки Афғонистон аз шаҳри Кӯлоб 12 нафар дар набардҳо  ҷасорату мардонагӣ нишон дода,  мутаассифона фавтиданд. Хотираи онҳо пос дошта, шуда оилаҳои онҳо ҳамеша кӯмаку дастгирӣ карда мешаванд.

Айни замон ҳар як ҷанговарони интернатсионалист доимо барои таҳкими сулҳу субот ва омодагии ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссаллаҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мутобиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ҳуқуқу имтиёзҳои ҷанговарони интернатсионалист ба сатҳи имтиёзҳои  ветеранҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар карда шуд.

Мавриди икр аст, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Кӯлоб  дастуру ҳидоятҳои Пешвои милларо роҳбари гирфта, ба 13 нафар ҷанговарони интернатсионалист  дар соли 2018  замини наздиҳавлигӣ ҷудо кард.

Боварӣ ҳаст, ки ҷанговарони интернатсионалисти шаҳри Кӯлоб аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар зиндагӣ намунаи ибрати дигарон гардида,  дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯтии насли ҷавон кӯшишу ғайрати худро дареғ  намедоранд, қайд намуд раиси шаҳр.

Сипас раиси шаҳр ба як қатор  собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист бахшида  ба 30- солагии хуруҷи теъдоди маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон   бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ҳунармандони театри мазкур барномаи пурмуҳтавои фарҳангиро пешкаши иштироркчиён намуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code