Гуштини “Самбо” дар байни наврасон

Дар доираи нақшаи тақвимии баргузории чорабиниҳои варзишии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб санаи 9  феврали соли 2019 мусобиқаи кушоди интихобии шаҳри Кӯлоб оид ба гуштини “Самбо”, байни наврасони синну соли 2003-2005 ба хотири гиромидошти МШҶТ Саидмуъмин Раҳимов бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи кушоди интихобии шаҳри Кӯлоб оид ба гуштини “Самбо” дар толори варзишии Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, дар ин мусобиқа 5 даста  дар ҳайати 55 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа 40 нафар варзишгарон ғолиб дониста шуда, бо медал ва ифтихорномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  қадрдонӣ карда шуданд.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 120 нафар тамошобинон аз шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок доштанд.

                                                                                              Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code