Озмуни шаҳрии «Хати зебо» ҷамъбаст гарид

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад». Бо ин мақсад дар асости нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  озмуни «Хати зебо» байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ гузаронида шуд. Дар озмун аз 49  муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми ва 2 литсей №1,2 се  нафарӣ ҷамъ 153 хонанда  иштирок намуда, аз ин шумора 9 нафар баҳои «5»,  56 нафар  баҳои «4»,  81 нафар баҳои «3» гирифтанд, ки нисбати соли гузашта хонандагон дониши хубтару беҳтар нишон доданд. Дар озмун хонандагон аз муассаи таҳсилоти миёнаи умумии №1,2,5,12,21,25,38,39,41,44,50,52,53 ва литсейҳои 1,2 фаъолияти хуб нишон дода, баҳоҳҳои хубу аъло гирифтанд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code