Боғу гулгаштҳои шаҳри Кӯлоб таъмиру азнавсозӣ мешаванд

Бо дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳои  шаҳри Кӯлоб  таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки таъмиру азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб аз тарафи КВД “Ширкати алюминийи Тоҷик”, Боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи  давлатии шаҳри Кӯлоб, Боғи “Роҳиоҳанчиён” аз тарафи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, гулгаштҳои ба номи Сафар Амиршоев, ва  Саидҷон Назаров аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи миллии “Сомониён” аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб тибқи лоиҳаҳои тасдиқгардида, ки аз ҷониби зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудаанд, ба тариқи замонавӣ  пурра  таъмиру азнавсозӣ  карда шуда, бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Айни замон корҳои анавсозӣ оғоз гардида, дар муҳлатҳои муайянгардида бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар баробари ин дар дар боғу гулгаштҳо шинонидани дарахтони ороишию сояафкан, гулу гулбуттаҳои гуногун ва майса пешбинӣ шудааст.

Дар натиҷаи таъмиру таҷдиди боғҳои мазкур тамоми шароитҳои зарурӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, ҷавонон, наврасон ва кӯдакон фароҳам оварда хоҳад шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code