Кӯлоб. Ниҳолшинонӣ бо маром идома дорад

Дар асоси амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 27.11.2018 таҳти №227 то 14.12.2018 сол оиди шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан,  ороишӣ гулу буттаҳо дар кӯчаю маҳаллаҳо ва ҳолати сабзиши воқеии дарахтон шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар  якҷоягӣ бо корхонаи фарии давлатии «Ниҳолшинони ва кабудизоркунӣ»-и шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои 9-10-уми соли равон дар хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ назди даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб  аз ду тарафи роҳ зиёда аз 100 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу, ороишӣ шинонида шуд.

Нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ  ва солимгардонӣ ҳамагӣ  25000 бех буда, аз ин миқдор 13500 бех сояафкан, 3300 бех ороишӣ, 8200-бех ҳамешасабз мебошад.

Иҷроиши нақшаи  ниҳолшинонӣ бошад то имрӯз 21460 бех шинонида шудааст, ки 85,5% нақшаро ташкил менамояд. Аз ин шумора дарахтони  сояфкан 12280, ороиши 3070, ҳамешасабз 6110, гулу гулбуттаҳо 100399, кишти алафҳои ҳамешасабз бошад 8417 м 2-ро дар бар мегирад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code