Ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр

Санаи 11 феврали соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа масъалаи кадрӣ баррасӣ гардида,  дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиш мутахассиси сайёҳӣ  ба кор қабул карда шуд. Ӯ вазифадор гардид, ки барои рушди сайёҳӣ, таҳияи хатсайрҳо, таъсиси ширкати сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Сипас муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр оид ба корҳои анҷомдодашуда дар ҳафтаи гузашта ва нақшаҳои корӣ барои ҳафтаи нав гузориш доданд.

Раиси шаҳр қайд намуд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳоии саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, кишти зироатҳои кишоварзӣ вусъат намудани корҳои ободонию соандагӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, амалӣ намудани Барномаҳои давлатии дар соҳаҳои гунонгун қабулшуда бояд аз ҳамаи захираю имкониятҳо истифода карда шавад.

Дар ин замина  раиси шаҳр аз муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва соҳаҳое, ки роҳбариашонро ба зима доранд пурсиш намуда, барои иҷроия саривақтии вазифаҳои пешниҳодшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳолати таъминоти барқ ба аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо дар давраи зимистонгузаронӣ, кам намудани талафоти нерӯи барқ ва рафти пардохти маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ шаҳру деҳоти Кӯлоб, рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб», оид ба рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 30 январи соли 2018, №30 «Дар бораи таъсис додани гуруҳҳои корӣ оид ба бартараф  намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои комуналии шаҳр», рафти сохтмони биннои нави муассисаи таълимӣ №21, ваъи соҳаи саноат, фаъолияти корхонаҳои  саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти сохтмонӣ  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, рафти ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳолати тозазии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои кӯчаҳои шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуд.

Дар охир аз ҷониби раиси шаҳр ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code