Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб

Ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз тарафи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло қабули шаҳрвандон  дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир  карда мешавад.

Дар қабули навбатӣ, ки рӯзи 9 феврали соли 2019  анҷом дода шуд,  21 нафар шаҳрвандон бо дархосту муроҷиатҳои худ бо раиси шаҳр сӯҳбат гузаронида, 19 нафари он  қаноатбахш карда шуда,  муроҷитаи 2 нафар шаҳрванд барои баррасӣ ба масъулини соҳа ирсол гардид.

Мазмуни муроҷиатҳо масъалаҳои гуногунро дарбар гирифт, аз ҷумла, таъсиси хоҷагҳои деҳқонӣ, ба расмият даровандани хонаи истиқоматӣ, бунёди боғу ҳавзҳои моҳипарварӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code