Корхонаи воҳиди давлатии “Зари Кӯлоб” соҳиби ҷоиза гардид

Дар партави иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ шудааст, бахшида ба эълон  гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  санаи 9 феврали соли 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур, ин арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни гузаштагон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани шавқ ва ҳавсамандгардонии ҳунармандон ба касби заргарӣ, муаррифии молу маҳсулоти заргарии миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар озмуни мазкур намояндаи шаҳри Кӯлоб корхонаи воҳиди давлатии “Зари Кӯлоб” ширкат намуда, барои фаъолият ва истеҳсоли маҳсулотҳои  заргарӣ  дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро сазовор гардида, бо Дипломи Вазорати саноат технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаронида шуд.

Ин тӯҳфа кормандони  корхонаи мазкурро руҳбаланд намуда ва    онҳо иқдом гирифтанд, ки дар оянда аз ин ҳам  маҳсулотҳои  хушсифату рақобатпазирро истеҳсол намоянд.

Бахши бойгонӣ матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code