Нишасти матбуотӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб доир гардид

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП 1729 ва нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло санаи 8 феврали соли 2019 соати 9 00 нишасти матбуотии васеъи рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи давлативу ҷамъиятӣ, доир карда шуд.

Бахшида ба 75- солагии рӯзномаи «Кулябская правда» кормандони рӯзномаи мазкурро раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ба ин рӯзи таърихӣ табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳо орзу намуда, бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардониданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо низ иштирок доштанд.

Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2018 қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, амалигардонии консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, инчунин тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба анҷом расонида,   соли 2018-умро бо  натиҷаҳои  назаррас  ҷамъбаст намуд.

Дар соли 2018 барои ҳалли масоили ҷойдошта ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб  аз ҷониби раиси шаҳр 938 қарор ва 258 амрҳо қабул карда шуданд.

Дар соли 2018 нақшаи андозҳо нисбат ба соли гузашта 8,3 миллион сомонӣ зиёд тасдиқ гардид. Дар давраи ҳисоботи нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллӣ 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбати нақша 2,4 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2017- 8,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра нақшаи ҳамаи намуди андоз пурра ва сифатан таъмин карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз ҳуҷҷати   стартегияии рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб ин Барномаи рушди иҷтимоию иқтисолии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 ба шумор меравад, ки 262 лоиҳа ба маблағи умумии 1 миллиарду 46,7 миллион сомониро дар бар мегирад. Ва солҳои 2015-2018- 124 лоиҳа ба маблағи 501,1 млн. сомонӣ иҷро гардидааст, ки 57%-и нишондиҳандаҳои солҳои 2015-2018-и Барномаи мазкурро ташкил дод.

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи рушд дар солҳои 2015-2018 соҳаҳои саноат, кишоварзӣ  рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ бо ифодаи пулӣ дар соли 2018 нисбат ба соли 2014 мутаносибан ба андозаи 78,6 % ва 35% зиёд шуд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи супоришҳои Сарвазири мамлакат дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб гуруҳи байниидоравии доимамлкунанда таъсис дода шуда, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб  барои солҳои 2020-2025 то нимсолаи аввали соли 2019 бояд таҳия карда шавад. Корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.

Ҳамзамон рафти иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла барномаи соҳаҳои кишоварзӣ,  саноат, тиб ва маориф зери назорат қарор доранд.

Нақшаи кории маҷлиси вакилони халқ дар соли 2019, иборат аз 16 масъала  барои баррасӣ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқ ва 41 масъала барои баррасӣ дар ҷаласаҳои  назди раиси шаҳру 35 банд ҷиҳати баргузории чорабинии оммавӣ-сиёсӣ  тасдиқ шудааст.

Тибқи нақша дар соли ҷорӣ таваҷҷӯҳи асосӣ барои беҳтарнамоии сатҳу сифати зиндагонии мардум зоҳир карда мешавад. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ дар баробари таҳкими устувори сулҳу ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон зарур мебошад.

Рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, роҳдорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасониҳои коммуналӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободонӣ омили асосии беҳтарнамоии сатҳу сифати зиндагии халқ ба шумор меравад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаҳои зикргардида, дар соли ҷорӣ аҳамияти аввалиндарҷа медиҳад.

 Омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилали – 2019, ҷашни 22 – солагии Ваҳдати миллӣ, ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба дигар ҷашнҳои миллӣ  дар сатҳи баланд рафта истодааст.

Дар соли 2019 бунёд ва таъмири 284 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи нақша то соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб зиёда аз 766 иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда хоҳанд шуд.

 Дар се соли оянда ҳама дар якҷоягӣ  корҳои заруриро ба анҷом расонида, симои шаҳру деҳоти Кӯлобро ба куллӣ тағйир дода, бисёр мушкилоти иҷтимоиро бартараф сохта, барои наврасону ҷавонон шароити беҳтарини таълиму тарбия ва ба аҳолии шаҳру деҳот шароитҳои замонавии хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ муҳайё намоем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рафти иҷрои  нақшаи чорабиниҳоро оид ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зери назорати доимӣ қарор дода,  ҳамзамон корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкориро вусъат бахшида, барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзишманд таҷлил намудани ин ҷашни мубораки миллӣ чораҳои судмандро амалӣ хоҳад намуд.

Рӯзноманигорон ба саволҳои худ аз ҷониби раиси шаҳр, муҳтарам Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр ва дигар масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code