Соли 2018 бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид, вазифаҳо барои соли 2019 муайян карда шуданд

 Рӯзноманигорони арҷманд,

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, амалигардонии консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, инчунин тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба анҷом расонида,   соли 2018-умро бо  натиҷаҳои  назаррас  ҷамъбаст намуд.

Дар соли 2018 барои ҳалли масоили ҷойдошта ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб  аз ҷониби раиси шаҳр 938 қарор ва 258 амрҳо қабул карда шуданд.

Дар соли 2018 нақшаи андозҳо нисбат ба соли гузашта 8,3 миллион сомонӣ зиёд тасдиқ гардид. Дар давраи ҳисоботи нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллӣ 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбати нақша 2,4 миллион сомонӣ ва нисбати соли 2017- 8,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра нақшаи ҳамаи намуди андоз пурра ва сифатан таъмин карда шуд.

Мавриди зикр аст, кияке аз ҳуҷҷати   стартегияии рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб ин Барномаи рушди иҷтимоию иқтисолии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 ба шумор меравад, ки 262 лоиҳа ба маблағи умумии 1 миллиарду 46,7 миллион сомониро дар бар мегирад. Ва солҳои 2015-2018- 124 лоиҳа ба маблағи 501,1 млн. сомонӣ иҷро гардидааст, ки 57%-и нишондиҳандаҳои солҳои 2015-2018-и Барномаи мазкурро ташкил дод.

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи рушд дар солҳои 2015-2018 соҳаҳои саноат, кишоварзӣ  рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ бо ифодаи пулӣ дар соли 2018 нисбат ба соли 2014 мутаносибан ба андозаи 78,6 % ва 35% зиёд шуд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи супоришҳои Сарвазири мамлакат дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб гуруҳи байниидоравии доимамлкунанда таъсис дода шуда, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб  барои солҳои 2020-2025 то нимсолаи аввали соли 2019 бояд таҳия карда шавад. Корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.

Ҳамзамон рафти иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла барномаи соҳаҳои кишоварзӣ,  саноат, тиб ва маориф зери назорат қарор доранд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, №1084  аз 1 сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 15% зиёд карда шуда, андозаи нафақа 15,4%  ва ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ 850 сомонӣ ва аз рӯи синну сол 180 сомонӣ зиёд карда шуд. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат барои беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Дар соли 2018 нақшаи андози иҷтимоӣ ба маблағи 53,7 миллион сомонӣ ё 102,9 фоиз иҷро гардида, ба 18 ҳазору 561 нафар нафақапулиҳо пурра пардохт гардида, андозаи миёнаи нафақа 298,3 сомониро ташкил дод, ки нисбат соли гузашта 28,8 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2019  қисми даромади буҷети маҳаллӣ 112 млн 985 сомонӣ тасдиқ карда шуд, ки нисбати соли 2018  114 фоиз зиёд мебошад. Субвенсия аз ҳисоби буҷетиба  ҷумҳуриявӣ аз 54% соли 2014 дар соли 2019 ба  29% расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои чакана 597,3 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 179,7  сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта мутаносибан 103% ва 128%-ро ташкил медиҳад.

Шумораи соҳибкорони инфиродӣ ҳамагӣ 4485 субъектро ташкил дод, ки нисбати соли 2017, 41 нафар зиёд буда, аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 5 миллиону 845 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбати соли гузашта, 34 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ чор ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ гузаронида шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, амру қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 11 лоиҳаи инвеститсионии мутамарказ дар соҳаҳои маориф, коммуналӣ ва кишоварзӣ татбиқ шуда истодаанд ва соли гузашта 9,4 млн долари амрикоӣ аз худ карда шудааст.

Тибқи лоиҳа корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Тебалай ба анҷом расонида шуда, аз ҷониби Бонки Рушди Осиё барои таъмини оби нӯшокии деҳаҳои Даҳана, Кул, С.Амиршоев, Зиракӣ, Хоҷа Исҳоқ корҳои сохтмонию хобонидани қубурҳои обгузар ба итмом расида истода, дар рӯзҳои наздик иншооти обрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

Барои ба ҷойи кор таъмин намудани шахсони бешуғл чораҳои зарури амалӣ гардида, 2270 ҷойи нави корӣ аз ҷумла, аз ҳисоби шахсони воқеӣ 1740 ҷой таъсис дода шуд.

Дар ин давра 828 нафар расман бекор ба қайд гирифта шуда, 320 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, баъди омӯзиш соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, 916 нафар ба ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва мувақатӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таъмин карда шуда, 51 нафари дигар бо гирифтани қарзҳои имтиёзноку ташкили корҳои фардӣ соҳиби ҷойи кор шуда, 100 нафар ба корҳои муздноки  ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд, ки нишондиҳандаҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳр, ба истиснои ба кортаъминкунӣ дар соли 2018 пурра иҷро гардид. Ба 229 нафар то 3 моҳ кӯмакпули пардохт карда шуд.

Дар соли сипаригардида 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, 30 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок 112 нафар ба кори доимӣ ва 82 нафар ба касбомӯзи роҳхат гирифтанд.

Дар соли 2018 музди миёнаи меҳнат 915,3 сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта,  40,4 сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳр дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 218 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2017 28,2 млн сомонӣ зиёд буда,  рушди соҳа 114,9% фоиро  ташкил дод

Дар ин давра 23 корхона нисбат ба соли гузашта ҳаҷми истеҳсолиро зиёд намуданд, аз ҷумла ҶСК “Сомон-Кӯлобтаҷҳизот” ду маротиба, ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” ду баробар, ҶДММ “Комбинати шир” 1,2 маротиба, ҶДММ “Ориён-Рустам” (Комбинати гушт) 1,2 маротиба.

ҶДММ “Нидои Кӯлоб” (Пойафзоли Кӯлоб) 35 нафарро ба кор таъмин намуда, коргоҳи истеҳсоли макарон дар моҳи октябр ба кор оғоз карда, дар соли 2018- ум 31 тонна макарон истеҳсол намудааст.

Дар майдонҳои заминҳои ҶДММ “Мармариён” (корхонаи равған) ва ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” шаҳрчаи саноатӣ бунёд карда мешавад. Айни замон 200 нафар ба кор ҷалб гардида, барои сохтмону барқарорсозии коргоҳҳо фаъолият доранд.

Духти либосҳои мактабӣ ҳамагӣ 32 ҳазору 103 донаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 25852 дона зиёд буда, афзоиш 5,1 баробарро  ташкил дод. Пешвои миллат дар Паёми имсолааш бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саноаткунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Вобаста ба ин, барои дар соли 2019 таъсис додани минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ дар майдони 309 га замин ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода шуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Дар баробари ин, дар вохӯрӣ бо намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Хитой ҷиҳати ҷалби соҳибкорони хитоӣ бо мақсади бунёди 15 корхонаи саноатӣ пешниҳод гардида, барои ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ, маводҳо омода шуда истодааст.

Дар шаҳри Кӯлоб 6 ҷамъият ва Терминали Кӯлоб ба мусофирбарӣ машғул буда, дар 16 хатсайр ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, ки аз ин, 6 хатсайр наздишаҳрӣ мебошад. Соли равон барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ 2 хатсайри нав таъсис дода шуд.

Дар давраи ҳисоботи почтаи шаҳрӣ ба маблағи 151 ҳазор сомонӣ хизматрасонии почтавиро анҷом дод, ки 110% нақшаро ташкил дод.

Ҷамъоварии маблағҳои истифодаи нерӯи барқ дар соли 2018 26,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 8,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварӣ ҳамагӣ 65,3%, аз аҳолӣ 74%-ро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта мутаносибан 18,9% ва 31,8% зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 439,7 миллион сомонӣ баробар шуд, ки назар ба соли гузашта 22,6 миллион сомонӣ зиёд буда, 105,4%-ро ташкил дода, дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ 100% иҷро гардид.

Ҳосили сабзавот 59,7 ҳазор тонна, картошка 4,7 ҳазор тонна, мева 7,5 ҳазор тонна, ангур 1,1 ҳазор тонна, полезиҳо 6,1 ҳазор тонна ҷамъоварӣ гардид, ки нисбати соли гузашта зиёд мебошад.

Кишти такрории зироатҳо дар майдони 2299,9 га пурра гузаронида шуда, дар ин давра 54 га боғи нав бунёд гардид, ки 108% -и дурнаморо ташкил дода,  25 га боғҳои куҳна барқарор карда шуд.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 825 тонна ё 103,1% дурнаморо ташкил дод.

Ҷиҳати таъмини кишоварзон бо оби полезӣ идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр корҳои заруриро анҷом дода, 19 км шабакаҳои обрасонӣ, 11 км заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда, 10 иншоотҳои гидротехникӣ ва 10 адад иншоотҳои обченкуниро таъмир намуданд.

Дар ин давра дар соҳаи сохтмон, сармояи асосӣ ба маблағи 65,5 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ 61,9 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 20,1 миллион сомонӣ ва 20,7 миллион сомонӣ кам мебошад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 69,5 миллион сомонӣ ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ 67,2 миллион сомониро дод, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 7,8 миллион сомонӣ ва 811 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 100 иншоотҳои таъиноти гуногун ба маблағи 70,2 миллион сомонӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар 135 иншооти дигар, аз ҷумла 24 корхонаи саноатӣ, 6 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Барои фаъолияти самаранок ба соҳаи маориф дар ин давра 54,8 % (56,5 млн сомонӣ) маблағҳои қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ равона гардид.

Муассисаҳои таълимӣ барои мавсими хониши солҳои 2018-2019 таъмир гардида, аз буҷети маҳалли 1,3 млн сомонӣ ҷудо гардид.

Ҳамчунин, дар соли 2018 муассисаҳои таълимӣ бо 840 мизу курсӣ таъмин гардида, асоси ҳалли худро ёфт.

Бояд зикр намуд, ки тавассути маркази миллии тестӣ 2652 ё 68% хатмкунандагони шаҳру деҳоти Кӯлоб ба муассисаҳои олӣ ва миёна махсуси дохили ҷумҳурӣ ва 185 нафар дар донишкадаҳои хориҷи кишвар дохил шуданд.

Барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба маблағи 376 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 6- бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ таъмир карда шуданд.

Дар ин давра ба 88,9 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Дар соли 2019 беморхонаи перинаталӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва беморхонаи асабу бемориҳои руҳӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин давра 4763 оила ҳамчун камбизоат эътироф шудаанд, ки 18% хонаводаи  шаҳру деҳотро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 212 нафар нафақахӯрону маъюбони бесаробон ва 94 кӯдакони имконияташон маҳдуд аз оилаҳои ниёзманд 26 намуди хизмати иҷтимоӣ расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки соли 2018- ум  4898 аризаю муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид, ки нисбат ба соли гузашта 97 ариза кам мебошад.

Дар ин давра аз ҳисоби фонди захиравии  раиси шаҳр ба 920 нафар аз оилаҳои эҳтиёҷманд ба маблағи 251 ҳазор сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуд.

Дар соли 2018- 457 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 39 ҳолат кам мебошанд. Кушодашвии ҷиноятҳо 87,2%-ро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 6,2% зиёд мебошад.

Дар соли 2018 дар доираи нақшаи тасдиқгардида, 108 иншоот, аз ҷумла 3 бинои муассисаҳои таълимӣ, 4 меҳмонхона, 2 бунгоҳи тиббӣ, як маркази саломатӣ, 9 дорухона, 5 утоқ барои хатна, 2 толори варзишӣ, 4 китобхона, 7 сартарошхона, 4 маркази савдо, 3 коргоҳи дузандагӣ ва ғайра сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта, бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Мақсади асосии Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод намудани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Барои ҷалби бештари сайёҳон чораҳои дахлдор амалӣ шуда, хатсайрҳои сайёҳӣ таҳия гардида, ҳамчунин мағозаҳои фурӯшӣ молу маҳсулоти чаканӣ ва  заргарӣ сохта шуда истодааст.

Нақшаи кории маҷлиси вакилони халқ дар соли 2019, иборат аз 16 масъала  барои баррасӣ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқ ва 41 масъала барои баррасӣ дар ҷаласаҳои  назди раиси шаҳру 35 банд ҷиҳати баргузории чорабинии оммавӣ-сиёсӣ  тасдиқ шудааст.

Тибқи нақша дар соли ҷорӣ таваҷҷӯҳи асосӣ барои беҳтарнамоии сатҳу сифати зиндагонии мардум зоҳир карда мешавад. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ дар баробари таҳкими устувори сулҳу ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон зарур мебошад.

Рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, роҳдорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасониҳои коммуналӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободонӣ омили асосии беҳтарнамоии сатҳу сифати зиндагии халқ ба шумор меравад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаҳои зикргардида, дар соли ҷорӣ аҳамияти аввалиндарҷа медиҳад.

Омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилали – 2019, ҷашни 22 – солагии Ваҳдати миллӣ, ҷашни 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба дигар ҷашнҳои миллӣ  дар сатҳи баланд рафта истодааст.

Инчунин, ҷашнгирии 80-солагии шоири тавоно, устод Саидҷон Ҳакимзодаро дар моҳи март дар нақша дорем.

Дар соли 2019 бунёд ва таъмири 284 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи нақша то соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб зиёда аз 766 иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда хоҳанд шуд.

Дар се соли оянда ҳама дар якҷоягӣ  корҳои заруриро ба анҷом расонида, симои шаҳру деҳоти Кӯлобро ба куллӣ тағйир дода, бисёр мушкилоти иҷтимоиро бартараф сохта, барои наврасону ҷавонон шароити беҳтарини таълиму тарбия ва ба аҳолии шаҳру деҳот шароитҳои замонавии хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ муҳайё намоем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рафти иҷрои  нақшаи чорабиниҳоро оид ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зери назорати доимӣ қарор дода,  ҳамзамон корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкориро вусъат бахшида, барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзишманд таҷлил намудани ин ҷашни мубораки миллӣ чораҳои судмандро амалӣ хоҳад намуд.

               

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code