Саҳмгузории аҳолӣ дар ободонии деҳот

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳбкорону саховатмандон корҳои созандагиву бунёдкорӣ амалӣ шуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум саҳми худро  дар ободонии кӯчаю маҳҳалла ва деҳот гузошта истодаанд.

Дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби як оилаи ҳамин деҳа барои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17 ва роҳҳои дохили деҳа корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ баҳри рушду нумуи ҷомеа анҷом дода шуд.

Аз ҷониби оилаи мазкур 56 метр девори атрофи мактаб бунёд карда шуда, ҳамчунин  як адад дарвозаи тарҳи замонавӣ насб карда шуд.

Хамчунин роҳҳои дохили деҳа, ки дар фасли сармо ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон мушкил мегардид, ба масофаи 500 метр сангфарш карда шуд,

Иқдоми оилаи мазкур идомаи мантиқии сиёсати Пешвои миллат буда, аз тарафи дигар саҳмгузорӣ ба Соли Рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Инитозор меравад, ки бо иқдоми  дигар шахсони дастрас корҳои ободонӣ боз ҳам вусъат ёбанд.

Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code