Иштироки ҷавондухтарон дар мусобиқаҳои шаҳрӣ

Санаи 1-уми феврали соли 2019, мусобиқаи кушоди интихобии шаҳри Кӯлоб оид ба “Вазнабардори”, байни наврасони  то 17 сола дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.

Мусобиқаи мазкур дар толори варзишии Боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, дар ин мусобиқа 5 даста аз ҳисоби писарон дар ҳайати 40 нафар 2 дастаи бонувон дар ҳайати 10 нафар ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба “Вазнбардорӣ” ҳамагӣ 50 нафар варзишгарон иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаҳо 32 нафар варзишгарон ғолиб баромада бо медал ва ифтихорномаҳо  қадрдонӣ карда шуданд.

Дар доираи нақшаи тақвимии баргузории чорабиниҳои варзишӣ, санаи 1-2-юми феврали соли 2019 бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мусобиқаи кушоди интихобии шаҳри Кӯлоб оид ба “Варзиши сабук”-ро, байни наврасону ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб баргузор намуд.

Бояд тазаккур дод, ки оид ба “Варзиши сабук дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид ва дар ин мусобиқа 6 даста дар ҳайати 68 нафар варзишгарон, ки аз ин шумора  27 нафарашонро бонувон ва 41 нафарашонро писарон ташкил медоданд, гузаронида шуд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаҳо 54 нафар варзишгарон ғолиб баромада бо медал ва ифтихорномаҳо  қадрдонӣ карда шуданд.

Дар мусобиқаҳои кушоди шаҳрӣ беш аз 420 нафар тамошобинон аз шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок намуданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code