Аксияи «Тозагии Соҳил»

Дар асоси супориши раиси шаҳри Кӯлоб №3 аз 28 январи соли 2019 шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб санаи 03 феврали соли 2019 дар мавзеъи сойи Тебалай аз назди пули калони маркази савдои Бадахшон то пули кӯчаи Лоҳутӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба ва кормандони муассисаи давлатии «Хоҷагии комуналӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аксияи «Тозагии Соҳил ва маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, 5 м3-партовҳоро тоза карда, ба партовгоҳи шаҳр кашониданд. Чунин корҳои дастаҷамъона дар оянда низ роҳандозӣ карда хоҳад шуда, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ низ дар байни аҳолӣ гузаронида мешавад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code