Ҷашни Сада дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Санаи 3 феврали соли 2019 дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  – муҳтарам  Абдуҷаббор  Раҳмонзода, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода  раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷашни Сада ва намоиши ниҳолҳо, тухмии зироатҳо, гулу гулбуттаҳо ва маҳсулоти кишоварзӣ таҳти унвони «Самараи умри деҳқон»  баргузор гардид.

Ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, гулу гулбуттаҳо  аз  шаҳру ноҳияҳои минтақаи  Кӯлоб  дар намоиш – фурӯш пешкаши сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб гардида шуд.

Раёсати кишоварзии шаҳр, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ, коллеҷҳои тиббию омузгорӣ, муассисаҳхои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, корхонаҳои саноатӣ, ҳунармандони шаҳри Кӯлоб  маҳсулотҳои гуногун, аз ҷумла гулҳои гуногун, маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, чакан, гулдӯзӣ, табақ, сабад, асбобҳои миллии мусиқӣ, консерваҳои меваю сабзавот, маҳсулотҳои ширӣ, орду равған, асал, меваҳои гуногунро  дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ба намоиш гузоштанд.

Меҳмонон аз намоиши омода намудаи ҷашни Сада дидан намуда, сипас  раиси вилояти Хатлон муҳтарам  Қурбон Ҳакимзода мардумӣ Кӯлобшаҳро ба ҷашни Сада ва омодагӣ ба фасли  баҳору ҷашни Наврӯз  табрик намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори  сулҳу   ваҳдати   миллӣ,  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёмашон,  рӯзи 26 декабри   соли 2018   ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баён доштанд, ки “Аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои  интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад”.

Дар ҳақиқат  солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи боғу токпарварӣ, афзоиши истеҳсоли меваю ангур, мустаҳкам намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ аз ҳисоби маҳсулоти ин соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 № 683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ба вилояти Хатлон дар давоми панҷ сол бунёди 20434 гектар боғҳо ва 2266 гектар токзорҳои нав супориш дода шуда буд

Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ ва судманд дар вилоят нақшаи бунёди боғу токзорҳо дар  давоми   панҷ  сол   118,7 фоиз  иҷро  гардида,   26947  гектар боғу токзорҳо бунёд карда шуд.

Дар ноҳияҳои  Данғара,  Темурмалик,  Ш. Шоҳин,  Балҷувон,  Ховалинг ва  Муъминобод   иҷроиши  нақшаи  панҷсолаи  бунёди  боғу  токзорҳо  136-220  фоизро  ташкил  дод.

Дар давоми 5 соли охир 7 маротиба  семинарҳои айёнӣ  дар минтақаи Кӯлоб бо иштироки олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон конференсияҳои илмӣ- назариявӣ гузаронида шуда, асосҳои илмии соҳаи боғутокпарварӣ ба сарварони хоҷагиҳо ва мутахассисон фаҳмонида дода шуд.

Бо ташабуси роҳбари давлат Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул гадида, дар назди боғу токпарварони вилояти Хатлон бунёди 5720 гектар боғу токзорҳо муайян карда шуд. Ҷамъбасти Барнома дар се соли  охир ба андозаи 101,0 фоиз таъмин гардид.

Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик, Данғара, Ховалинг, Балҷувон ва     Ш. Шоҳин  ниҳолҳои шинонидашуда асосан пайвандӣ буда, ҳолати сабзиш ва нигоҳубини онҳо ба талаботҳои агротехникӣ ҷавобгӯй мебошанд.

Ба ҳолати 1 январи  соли равон 145 адад хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, аз он ҷумла 8  адад хоҷагиҳои  системаи вазорати кишоварзӣ, 40 адад хоҷагиҳои деҳқонии ниҳолпарварӣ, 10 адад хоҷагиҳои ниҳолпарварии системаи хоҷагии ҷангал ва 87 адад хоҷагиҳои инфиродии  ниҳолпарварӣ фаъолият доранд.

Дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоят соли ҷорӣ 1,4 млн бех ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда тайёр карда шуд, ки аз он 156,8 ҳазор бех зардолу, 185,3 ҳазор бех шафтолу, 36,6 ҳазор бех гелос, 118,6 ҳазор бех олу, 181,6 ҳазор бех себ, 79,1 ҳазор бех нок ва наздик 218,0 ҳазор бех ниҳоли ток мебошад.

Умуман дар ин давра хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ талаботи хоҷагиҳои боғу токпарвариро бо ниҳолҳои гуногун таъмин гардониданд.

Намоиши имрӯзаи ниҳолҳо ба рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ ёрии ҷиддӣ мерасонад ва мо метавонем дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати эҳъёи соҳаи боғу токпарварӣ пурра иҷро намоем, қайд намуд раиси вилояти Хатлон.

Дар ҷамъбасти ҷашн иштирокдорони фаъол аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Раҷабов Р. бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд.

Ҷашн бо барномаи рангини консертии ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ҳусни хотима бахшида шуд.

Аз намоиш-фурӯш сокинони шаҳру деҳот аз ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи пайвандӣ, аз қабили себ, нок, зардолу, шафтолу, сиёҳолу ва ғайра бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд. Ҳамчунин зиёда аз 3,9 ҳазор қаламчаи гули садбарг харидорӣ карда шуд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code